НАТИҶАҲОИ ЗИНАИ ВИЛОЯТӢ

Озмун

Дар шаҳри Навоӣ зинаи сеюми озмуни вилоятӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик байни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-уми мактабҳои тоҷикии вилоят баргузор гардид. Довталабон амалиёти тестро иҷро намуданд. Узви ҳайати доварон Холбика Нурназарова эътироф дорад, ки саволномаҳои тест аз маводи китобҳои таълимӣ тартиб дода шудаанд. Ин ба толибилмон душворӣ пеш наовард.
Тибқи шарти дуюм хонандагон иншо навиштанд. Хонандагони синфи 9  дар мавзӯи “Модар пирнашаванда аст” иншо навишта бошанд, мутобиқан толибилмони синфҳои 10-11 дар мавзӯъҳои “Саёҳат дар ҳаёти инсон” ва «Аҳамият ва зарарҳои интернет» кори эҷодии худро анҷом доданд. Ҳайати доварон Фахриддин Йӯлдошев, Бахтиёр Холов ва Холбика Нурназарова натиҷаи корҳои анҷомдодаи довталабонро шаффоф баҳогузорӣ намуданд.
Байни хонандагони синфи 9 Дилнура Ҳасанова (омӯзгор Ф. Йӯлдошев) аз мактаби рақами 49-уми деҳаи Синтаб бо 80,8 хол зинаи аввалро соҳиб гардид. Хонандаи мактаби рақами 43-юм Ганҷина Ҷумъаева (омӯзгор Э. Рӯзиев) бо 80,4 хол ҷойи дуюмро гирифта бошад, хонандаи мактаби рақами 21-уми деҳаи Соб Искандар Нарзуллоев (омӯзгор Б. Холов) бо 71 хол дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Байни хонандагони синфи даҳум хонандаи мактаби рақами 30-уми деҳаи Сойхурд Ҳулкар Расулова (омӯзгор Ҳилол Рӯзиев) бо 74,6 хол ҷойи аввал, хонандаи мактаби рақами 21-уми деҳаи Соб (омӯзгор Б. Холов) бо 63,5 хол ҷойи дуюмро ишғол карда бошанд, толибилми мактаби рақами 30  Манижа Шавкарова (омӯзгор Ҳ. Рӯзиев) бо 57 хол дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Дар мусобиқаи байни хатмкунандагони мактабҳо хонандаи мактаби ҳамагонии рақами 49 Фархунда Ҳасанова (омӯзгор Ф. Йӯлдошев) бо 96,5 хол зинаи аввалро ишғол намуд. Толибилми мактаби  ҳамагонии рақами 43 Сабрина Ҳусенова (омӯзгор М. Ҳусинов) бо 75,5 хол дар ҷойи дуюм ва хонандаи мактаби рақами 49 Мижгона Деҳқонова (омӯзгор Ф. Йӯлдошев) бо 67,7 хол зинаи сеюми шоҳсуфаро  ишғол намуданд. Хатмкунандаи мактаби рақами 30 Шукрона Ҳайдарова, ки дар зинаи дуюми озмун аз забон ва адабиёти тоҷик ҷойи дуюмро гирифта ба зинаи вилоятӣ роҳхат гиифта буд, аз сабаби дар як рӯз доир гардидани озмун аз фанни таърих  дар озмун иштирок накард. Ҳамон рӯз ӯ аз фанни таърих дар озмуни вилоятӣ ширкат варзида бо 91,8 хол бо ҷойи панҷум қаноат намуд.        

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: