ОДОБРО АЗ КӢ ОМӮХТЕД..?

Мӯйсафеди нуронӣ бо як ҳолати хастагӣ, ки дар як даст борхалта ва дар дасти дигараш асо дошт, ба автобусе савор шуд.

Дар даромади он ҷавони ришдоре, ки ба худ нозебо буд, ба буро-фурои одамон халал мерасонд, ҷавони ришдор ба ҷои он ки аз дасти мӯйсафед дораду ёрӣ расонад, бо китфи худ тела дода:
–  Бобо, оҳиста бароед намешавад, – гуфт, ба ҷои он, ки салом диҳад.
Дар автобус ҷои холӣ набуд. 
Ҷавоне дар даст телефони дастиашро бозӣ карда менишаст, дар курсии дигар бошад, духтаре, ки дар ду гӯшаш сими гӯшкунаки телефонро гузоштаасту худро ба хоб задааст, эътиборе надоданд.
Дар курсии дигаре ду ҷавон бо ҳамдигар дар сӯҳбати гарм ба муйсафед бо гӯшаи чашм нигоҳ мекарданд.
Мӯйсафед бошад, аз ҳаракати автобус ба ҳар сӯ алвонҷ мехӯрд. 
Зани 35-40 сола, ки дар яке аз курсиҳои автобус нишаста буд, аз ҷояш хеста ба мӯйсафед ҷой дод.
–  Раҳмат, духтарам, барака ёб, ҳузури фарзандонатро бин, – гуфт мӯйсафед. 
Ҳамааш як тарафу аз одамони дар автобус буда ду-се нафарашон салом доданд. “Салом қарзи худо” – мегӯянд дар урфият. 
Ман дар зиндагии имрӯза бачагоне, ки нисбатан ба калонсолон эътибор медиҳанд, кам мебинам. Сабаби онҳоро аз падару модарон медонем, чунки дар хонавода ба тарбияи онҳо нисбатан кам эътибор медиҳанд.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд: «Одобро аз кӣ омӯхтӣ?»  Гуфт: «аз беадаб».

Т. ЮНУСЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: