ТАШАББУСҲОИ АМАЛИЕ, КИ ДАР САТҲИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ПЕШНИҲОД ШУДААНД

Солҳои охир дар кишварамон дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, аз ҷумла, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили босифат, азхудкунии касбу ҳунар ва татбиқсозии иқтидор ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Ислоҳоте, ки тайи солҳои охир дар ин бобат анҷом дода мешаванд, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. 
Ташаббусҳои Шавкат Мирзиёев ҳангоми суханронӣ дар иҷлосияи 78-уми Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид бо он қобили таваҷҷуҳ аст, ки пеш аз ҳама ба дастгирии насли наврас, таъмини онҳо бо таҳсилоти босифат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нигаронида шудаанд. 
Дар кишварамон таҳсилоти ошкоро ва босифат омили муассиртарини рафъи камбизоатӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум ва ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳафт соли охир дар ин бобат бисёр корҳо амалӣ гардида, натиҷаҳои калон ба даст оварда шуданд. Инро дар мисоли тафовути фарогирии таълими томактабӣ аз 21 то 70 фоиз ва таҳсилоти олӣ аз 9 то 38 фоиз дидан мумкин аст.
Дар мамлакатамон ба масъалаи занону духтарон диққати калон дода мешавад. Ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо дар Конститутсия ва қонунҳоямон ифода ёфтаанд. Агар танҳо соҳаи таълимро бигирем, ба ҳазорон духтароне, ки дар гузашта хоҳиши таҳсил гирифтанро доштанд, тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. 
Аз ҷумла, туфайли ислоҳот бобати ноил шудан ба баробарии гендерӣ танҳо соли гузашта 49 фоизи донишҷӯёни ба донишгоҳҳо қабулшуда духтарон буданд. Бори аввал ҳиссаи занон дар идоракунии давлатӣ ба 35 фоиз расид, ки ин натиҷаи ислоҳоти таҳти роҳбарии Президенти кишвар ба даст оварда мебошад.
Дар ин суханронии таърихӣ бо мақсади омӯхтани мероси ғании донишмандону мутафаккирони бузург, ки дар рушди илми ҷаҳонӣ саҳми бемисл гузоштаанд, исломро ҳамчун дини илму маърифат ва сулҳу осоиш нишон дода, ба тавре амиқ ошкор намудани моҳияти аслии инсонпарварии ислом  соли 2024 дар Ӯзбекистон ташаббуси гузаронидани Конфронси байналхалқӣ дар мавзӯи «Ислом – дини сулҳу некӣ» ба миён гузошта шуд, ки дар он  ба ин масъала дар кишвар то чӣ андоза таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад, равшан ифода ёфтааст.
Бе муболиға метавон гуфт, ки пешниҳодҳои аз минбари олӣ ба миён гузашта бо як қатор вазифаҳои соҳаи маънавию маърифии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш»-и Ӯзбекистон ҳамоҳанг мебошанд.
Хулоса, ба амал баровардани ин таклифу ташаббусҳо ба боз ҳам мустаҳкам шудан  ва инкишоф ёфтани ҳамкории байни давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид хидмат мекунанд. Аз ҳама муҳимаш, обрӯйи Ӯзбекистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ боло мебаранд.

Зумрад БЕКАТОВА,
депутати Палатаи 
қонунгузории 
Олий Маҷлис
.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: