28 марти соли 2024 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усмонов бо муовини губернатори музофоти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сзоу Юнсян мулоқот кард.
Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои Ӯзбекистону Чин, аз ҷумла бо музофоти Сичуан баррасӣ шуданд.
Ба дурнамои тавсеаи робитаҳои байниминтақавӣ, истифодаи иқтидори назарраси ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, маориф ва ғайра таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи автомобилсозӣ, энергетикаи "сабз" ва кишоварзии "оқил" изҳори ҳавасмандӣ карда шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.