ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲИБИСТЕЪДОД САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Солҳои охир дар кишвари мо ба воситаҳои ахбори оммавӣ имконияту имтиёзҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.

 Ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти Ватанамон зери шиори «Барои ҳаёти нав, барои Ӯзбекистони Нав» марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз» гузаронида шуд. 

Чорабинии мазкур бо ҳамкории Иттиҳоди эҷодии журналистон, Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ, Иттифоқи эҷодии нависандагон, Агентии кинематография, Иттиҳоди медиаи миллӣ ва дигар вазорату ташкилотҳои дахлдор баргузор гардид.
Озмун аз рӯйи 7 номинатсия муайян гардид: асарҳои беҳтарини бадеии адибону шоирон; материалҳои эҷодкорони телевизион ва радио; матолиби интернет-журналистика; беҳтарин китоб дар жанри публитсистика; санъати тасвирӣ, аксбардорӣ ва корҳои дизайн; корҳои эҷодии кормандони бахши чопии воситаҳои ахбори оммавӣ; беҳтарин асарҳои санъати кино.
Таъкид гардид, ки имсол беш аз 300 вакилони ВАО  қариб бо 2 ҳазор кори эҷодии худ иштирок карданд. Аз самти телевизион ва радио 56 нафар бо 300 кори эҷодӣ, воситаҳои ахбори оммавии чопӣ 74 нафар бо 359 кори эҷодӣ ва интернет-журналистика 30 нафар бо корҳои эҷодии худ иштирок карданд. Аз ҷониби ҳакамон ба танқидию долузарбии мавзӯъҳо эътибор дода шуд.
– Чунин чорабиниҳое, ки барои дастгирии журналистони фаъолу соҳибистеъдод пешбинӣ шудаанд, барои ояндаи дурахшон ва рушду равнақи кишварамон таҳкурсии мустаҳкам хоҳад гузошт, – гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодияи журналистон Холмурод Салимов. 
Ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун бо диплом ва мукофотҳои гаронбаҳо сарфароз гардиданд. 

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: