СӮХТОРНИШОНОНИ ДУНЁ ДАР САМАРҚАНД

Дар маҷмӯаи варзиши «Афросиёб»-и шаҳри Самарқанд чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши оташхомӯшкунӣ ва халоскорӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи яккачини мардҳо ва ҷинси латифи қариб 20 мамлакати хориҷӣ иштирок намуданд.

Президенти Федератсияи байналхалқии оташфишон ва халоскорон генерал – майёр А Чуприян, вазири оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Қӯлдошев, ҳокими вилоят Э.Турдимов ва дигарон ба сухан баромада ба иштирокчиёни мусобиқа комёбиҳои назаррас таманно намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи мусобиқаҳо дар байни мардҳо ҷойи фахрӣ ба вакили Ҷумҳурии Беларус Никита Уколов  насиб гардид. Дар байни бонувон бошад, аъзои дастаи яккачини Русия Анна Юдина ғолиб омад.
Ба ҳар ду чемпиони ҷаҳон калиди нақлиёти «Нексия»-ро тантанавӣ супурданд.
Дар мусобиқаи ба 100 метр бо монеаҳои тохтан ба вакилони Русия ҳеч кас баробар нашуд.
– Мо аз ташкилотҳои давлатӣ барои гузаронидани бозиҳои шавқовар ва меҳмоннавозии мизбонони самаркандӣ сипосгузорем, – гуфт Президенти Федератсияи байналхалқии мазкур А.Чуприян, — ҳамааш хеле олиҷаноб ва дилнишин гузашт.
– Бо мошин ба ватан бозгашт мекунам, ки хурсандии ман бепоён аст, – иброз дошт Никита Уколов, – инчунин таассурот аз ёдгориҳои таърихии Самарқанд як умр дар хотир хоҳад монд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: