НАЗМ ДАР РАНГТАСВИР

Ба муносибати 110-солагии Арбоби шоистаи санъати Ӯзбекистон Рашид Темуров дар осорхонаи дӯстии халқҳои Самарқанд намоиши асарҳои соҳибҷашн оғоз ёфт.

Мухлисони санъати тасвирӣ бо шавқу ҳаваси хоса бо осори мусаввир шинос шуданд. 
– Рассоми мардумии Ӯзбекистон Чингиз Аҳмаров ба эҷодиёти падари бузургворам баҳои баланд дода: – Рашид Темуров барои он таваллуд шудааст, ки Самарқандро мадҳу ситоиш намояд, – гуфтааст, – иброз дошт духтари рассом, санъатшинос Гулҷаҳон Темурова.
Воқеан, агар намоишгоҳро тамошо кунед, ба ҳақиқати суханони Чингиз Аҳмаров бовар мекунед. 
Рашид Темуров дар Самарқанд таваллуд шуда, соли 1937 омӯзишгоҳи бадеиро хатм менамояд. Аз мусаввирони номдор Павел Бенков, Л. Буре ва дигарон асрори расмкаширо меомӯзад. Сипас, маҳз бо дастгирӣ ва ҷонибдории студияи такмили ихтисоси назди иттифоқи рассомони Ӯзбекистон (солҳои 1939-1940) аз мусаввирони номдор О. Татавосян ва В. Еремян сабақ гирифт, истеъдоди хеш сайқал дод. Иштирок дар намоишгоҳи рассомони Ӯзбекистон ӯро ба мухлисони санъати тасвирӣ шинос намуд. Соли 1942 ӯро ба узвияти Иттифоқи рассомони собиқ СССР қабул карданд. Рашид Темуров ба дифоъи Ватан сафарбар гардида, соли 1945 ба зодгоҳаш – Самарқанд баргашт. Котиби масъули шуъбаи вилоятии  иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Ӯзбекистон интихоб шуд. Кӯшиш кард, ки ҳамкасбонаш бештар бо эҷод машғул шаванд, намоиши асарҳои хешро ташкил диҳанд. Худаш низ набзи Самарқанд ва мардуми сарбаланди онро пайваста рӯйи матоъ меофарид. 
Ҳоло асарҳои Рашид Темуров дар нигористони Третяков ва осорхонаи давлатии санъати дӯстии халқҳои Шарқи Русия, осорхонаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин осорхонаҳои  шаҳрҳои Самарқанд, Норилск, Селиноград, Бишкек, Нуқус ва ғайра маҳфузанд. Намунаҳои осори ӯ дар Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса ва Бритониё низ мавҷуд мебошанд. 
– Рашид Темуров аз худ ганҷинаҳои бебаҳо ба ёдгор гузошт, – мегӯяд академик – рассом Аслиддин Исоев, – дар эҷодиёти ӯ гузаштаи достонии Самарқанд муҷассам аст. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар эҷодиёти устод  шеърияти Шарқ бозтоб гардидааст...

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: