ШАЙДОИ ИЛМУ ЗЕБОӢ БУД

Солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон аксари мардум савод надоштанд, талаб ба педагогҳо зиёд буд.

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Сайидои НАСАФӢ.

Солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон аксари мардум савод надоштанд, талаб ба педагогҳо зиёд буд. Абдуғаффор Абдураззоқов пас аз хатми факултети математикаи Донишкадаи омӯзгории Фарғона бо чанде ҳамсолонаш фаъолияташро бо ин касби пуршараф оғоз намуд. 
Мо дар нимаи дуюми солҳои 60-уми асри гузашта дар синфи якум таҳсил мекардем, Абдуғаффор ба якеи ин синфҳо роҳбар буд. Суратҳои ба ҳар як ҳарфи алифбо ҷавобгӯю зебо аз тарафи худи муаллим кашида шуда буд. Мо – талабагони ҳамсоясинфҳо дар танаффус синфи ороёфтаю зеборо дида, аз тамошояш сер намешудем. 
Муаллим ҳар як дарсро бо ашёи аёнӣ, расмҳо ва сурат-лавҳаҳо мегузаронд. Масалан, дар як дарси математика ба тахтаи синф сурати ду нафар бофандазанро акс намуда, шарҳ дод, ки яки онҳо ҳар рӯз он қадар, дуюм ин қадар мебофанд. Дар як моҳ матои бофтаи ҳар кадоми онҳо чанд метр мешавад? Бино ба ин аёният ва шарҳдиҳӣ бачаҳо зуд масъаларо ҳал намуданд.
Дар синфи мо 2 дона китоби «Алифбо» буд, яке аз они роҳбари синфамон Ғаниҷон Азимов ва дуюмӣ аз они яке аз хонандагони аълохон Муътабар Шарофова. Китоби омӯзгорамон наву китоби ҳамсинфамон кӯҳнаю варақаҳояш кандагӣ буданд. Мо он китобҳоро бо навбат ба даст гирифта мехондем. Як рӯз ба мо басе шодию хурсандӣ бахшид. Муаллим Абдуғаффор Абдураззоқов бо як ҳамкасбаш мошини «Запорожец»-ашро пур карда, китоби «Алифбо» оварда, ба 5 синфи якуми мактабамон тақсим намуданд. Ҳар як синф китобдор шудему дар донишгирӣ боз пешрав.
Муаллим гоҳ-гоҳ бо сабабе омӯзгорамон наояд, фурсат ёфта, бо мо машғулият мегузаронд. Боре ӯ дар дарси табиатшиносӣ дар бораи муҳити аҷоибу ғароиби қитъаи Австралия маълумот дод. Австралия қитъаест, ки ба Ҷануб ва ҳам Шарқ ба масофаи ҳазорҳо километр тӯл кашида, давлати ягона ба шумор меравад. Иқлимаш аз иқлими мо фарқ дорад. Январ барои мо – зимистон, барои австралиягиҳо – тобистон, июли мо – тобистон, барои онҳо – зимистон.
Дар тобистони Австралия, тасфи ҳаво аз 40 дараҷа мегузарад. Дар ин ҳарорати баланд тухми регпӯши мурғ мепазад. Дар Австралия ҷонвароне мавҷуд, ки дар дигар қитъаҳо нестанд...
Абдураззоқов дар дигар корҳои ҷамоатӣ низ ташаббускору пешсаф буд. Дар ёдамон ҳаст, ӯ дар толори мактаб хонандагонро саф ороста, ҷашни 90-солагии устод Садриддин Айниро ташкил намуда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии нависандаи бузург маърӯзаи боарзиш карда буд.
Абдуғаффор Абдураззоқов муаллими ҳақиқии математика, рассом, ҳусни хати зебо дошт. Барои мактабу хоҷагии пахтакории варзикиён шиору лавҳаҳо менавишт. 
Он замон дар деҳаи Варзик мошин кам буд. «Запорожец»-и муаллим ба ҳама хизмат мекард. 
Рӯзе мошини Абдураззоқов дар назди дари кӯчаи мо истод. Аз мошин омӯзгорон – падарам Маҳмудхон Мирзоев ва тағоям Бурҳонҷон Муҳаммадниёзов берун шуда, қуттии калони пурборро ба хонаамон дароварданд. Дар он қуттӣ телевизор буд.
Ин туҳфаи ногаҳонӣ ба аҳли хонаводаамон, хешу ҳамсояҳо хурсандии беҳад овард, зеро он рӯзгор на дар ҳар хонадон ҷаҳоннамо буд. 
Абдураззоқов телевизорро нишон дода гуфт:
– Ин ба шумо туҳфа. Муборак шавад!
Дар оилаи Абдураззоқов 10 нафар фарзанд тарбияю камол ёфтанд. 4 нафарашон пайрави падар шуданд. Муътабар – муаллимаи синфҳои ибтидоӣ, Матлуба – омӯзгори физика, онҳо ҳоло нафақахӯр, Лолаҷон – муаллимаи физика-математика ва Абдуназар – омӯзгори таълими меҳнат ва фанҳои умумитехникӣ. Абдурасул – ронанда, Саноат – духтур, Мунираю Наргиза – ҳамшираи тиббӣ, Анварҷон – нафақахӯри ҳарбӣ ва Фирӯза – соҳибкор.
Фақат 4 нафари онҳо бо сарварии падару модарашон Ибодатхола хонаю ҷо карданд. Боқимондаашонро баъди вафоти ҳамсар худи модар бо ёрии ҷигарбандону даромади боғу токзорашон ба воя расонда, тӯйи арӯсиашонро барпо намуданд.
Меҳнату машаққатҳои муаллим Абдураззоқов аз ҷониби шуъбаи таълими халқи ноҳияи Чуст қадрёбӣ шудаанд. 
Дили устод хеле бармаҳал – соли 1984 дар синни 52 аз таппиш монд.
Дар ҷанозаи пуродами омӯзгори шайдои илму зебоӣ Абдуғаффор Абдураззоқов Муаллими шоистаи Ӯзбекистон, шахси боэҳтиром, ки дар шуъбаи таълими халқи ноҳияи Чуст қариб 20 сол роҳбарӣ кардааст, Умарҷон Ҳасанови варзикӣ (ёдаш ба хайр) дар ҳаққи ҳамкасби ҷавону шодравонаш нутқи самимию ибратбахш карда, чунин гуфта буд:
– Алвидоъ, эй инсони нек, алвидоъ, эй муаллими бузург! 

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: