САМАРАИ ИСЛОҲОТ

«Ҷавоҳир асл сифат текстил» дар ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Муғҷагул»-и ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё ҷой гирифта, яке аз коргоҳҳои хусусии муваффақи минтақа ба шумор меравад.

Коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Ғафуров ташкил гардидааст ва дар сехҳои он намуди гуногуни кулоҳҳои мавсимии мардонаву занона истеҳсол мекунанд, ки дар бозорҳои дохилии ҷумҳурӣ талаботи зиёд доранд. 
Соҳибкор Ҷамшед Ғафуров гуфт, ки айни ҳол 30 нафар занону духтарони бекори маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст ва дар ояндаи наздик фаъолияти коргоҳро тавсеа бахшида, шумори коргаронро ба 50 нафар хоҳад расонд. Вай таъкид сохт, ки дар коргоҳ рӯзмарра 1000 адад кулоҳҳои замонавӣ истеҳсол ва ба бозорҳои дохилӣ интиқол мешаванд.
– Аз шароите, ки роҳбарияти ҷумҳурӣ дар рушди соҳибкорӣ фароҳам овардаанд, хеле мамнунем ва минбаъд неруи худро барои ободии диёр сарф хоҳем кард, – илова намуд соҳибкор Ҷ. Ғафуров.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқдарё. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: