ОЁ ДАР МО ҲАМ РОҲҲОИ ПУЛАКӢ СОХТА МЕШАВАНД?

Сохтмон ва тармими роҳҳои автомобилгард, такомули сохторҳои роҳу нақлиёт, муайян намудани дурнамои он, пиёда кардани сиёсати ягонаи техникӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгард аз масъалаҳои муҳим ва иҷрояшон ногузир маҳсуб меёбанд.

Сохтмон ва тармими роҳҳои автомобилгард, такомули сохторҳои роҳу нақлиёт, муайян намудани дурнамои он, пиёда кардани сиёсати ягонаи техникӣ, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои автомобилгард аз масъалаҳои муҳим ва иҷрояшон ногузир маҳсуб меёбанд. Ногуфта намонад, ки Кумитаи роҳҳои автомобилии ҷумҳурӣ дар ин самт корҳои зиёдеро ба фарҷом мерасонад.
Тӯли роҳҳои мо бештар аз 209 ҳазор километрро ташкил мекунад. Аз ин шумор 42 ҳазору 869 километр роҳҳои автомобилии истифодаи умум, 141 ҳазору 883 километр роҳҳои дохилихоҷагиҳо, ҳамчунин роҳҳои байни шаҳру деҳот ва овулҳо, 24 ҳазору 745 километри он шабакаи роҳҳои идоравии инспекторӣ арзёбӣ шудааст.
Отаназар Ҷумъаниёзов – сардори Садорати таҳлили умумии кумитаи мазкур ба мухбири “Овози тоҷик” гуфт, ки соли равон бар асоси барномаҳои инвеститсионӣ, “Деҳаи обод”, “Маҳаллаи обод” ва амсоли он дар 2 ҳазору 735 километр роҳҳои автомобилии истифодаи умум ва 10 ҳазору 114 километр роҳҳои дохилӣ корҳои сохтмон, тармим ва бозсозӣ идома доранд.
– Дар семоҳаи  аввали соли равон дар 335 километр роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум корҳои сохтмон, тармиму таҷдид ва бозсозӣ ба анҷом расид. Ҳудуди 3 ҳазору 578 километр роҳҳои дохилӣ тармим карда шуд.
Таъкид гардид, ки ба манзури амалӣ намудани як қатор корҳои мадди назари кумита харидани 267 техникаи махсусро барномарезӣ кардааст. Гузашта аз ин, бо кӯмакҳои ниҳодҳои молиявӣ, аз ҷумла Бонки рушди Осиё, Бонки рушди исломӣ, Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи рушди Саудӣ ҳафт лоиҳа  татбиқ карда мешавад. 
– Дар ин самт бозсозии бархе аз қисматҳои роҳи “Ғузор – Бухоро – Нуқус – Бейнеу”, “Тошканд – Ӯш”, “Тошканд – Тирмиз”, ҳамчунин роҳҳои маҳаллии вилоятҳои Фарғона, Намангон ва Андиҷон анҷом дода хоҳанд шуд. Бо кӯмаки молии Хазинаи рушди Саудӣ ва Хазинаи рушди иқтисодии Кувайт бозсозии километри 35-уми роҳи “Ғузор – Чим – Кӯкдала” дар ин лоиҳа ворид карда шудааст, – изҳор кард Ҷумъаниёзов.
Дар мамлакатамон бар асоси қарори сарвари давлат аз 10 декабри соли 2019, ки бештар аз ҳама ба такомул бахшидани сохтори идории шабакаҳои роҳ нигаронида шудааст, “харитаи роҳ”-и амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтани роҳҳои пулакӣ ба тасвиб расидааст. Тавре ки дар ин санад зикр ёфтааст, дар ағбаи Қамчиқ (вилоятҳои Тошканд ва Намангон) сохтмони ду тунели пулакӣ, дар шаҳрҳои Сирдарё ва Бахти вилояти Сирдарё сохтмони як роҳи ҳалқавии пулакӣ, ҳамчунин сохтмони се роҳи пулакӣ дар масирҳои Тошканд – Самарқанд ва Тошканд – Андиҷон ба нақша гирифта шудаанд.
– Барои он ки ин нақшаҳо амалӣ шаванд, намояндагони созмонҳои молиявӣ ба ҳайси мушовирон ҷалб карда хоҳанд шуд. Омӯзиши мувофиқ будани лоиҳаҳо бар пояи “Харитаи роҳ”, ҳисобу китоби техникӣ-иқтисодӣ ва таҳияи консепсияи лоиҳа ва тасдиқ намудани он барои солҳои 2020-2021 муқаррар шуда буд.
Баргузории тендерҳо ва имзо намудани шартномаҳо  то моҳи марти соли 2022 анҷом пазируфта хоҳанд шуд. 
Дар расонаҳои мустақил хабари сохтани роҳҳои пулакӣ бори нахуст соли 2017 пайдо шудааст. 
Бо вуҷуди он ки ҳанӯз дар ин самт кишвари мо аз таҷрибаи кофӣ бархурдор нест, дар бораи лоиҳаи сохтани роҳи пулакии Тошканд – Бухоро, ки вилояти Самарқандро убур менамояд, гуфтугузорҳо ба вуқӯъ пайвастаанд. Ин роҳе хоҳад буд, ки сохтмони он ба таври алоҳида сурат хоҳад гирифт. 
Қаблан дар хабарҳо гуфта мешуд, ки соли 2020 дар Ӯзбекистон роҳҳои пулакӣ пайдо мешаванд. Аммо воқеъият мегӯяд, ки ин хабарҳо тасдиқи худро наёфтаанд. Интизор меравад, ки дар оянда ин роҳҳо ба тарзи хос ва бо омехтаи маҳлули бетон ва мум сохта шуда, суръати ҳаракати нақлиёт дар он то 150 километр/соат имконпазир мегардад. Суръати минималии ҳаракати мошинҳо аз тариқи ағбаи Қамчиқ, яъне роҳи Тошканд – Андиҷон 60-70 км/соат муқаррар хоҳад шуд. 
Аммо оё сохтани чунин роҳҳои пулакӣ оғоз ёфтааст? Маълум шуд, ки ҳанӯз ин кор шурӯъ нашудааст ва барои он ки сохтмони чунин роҳҳо шурӯъ шавад, шароити мусоид фароҳам наомадааст. Танҳо ғолибони тендерҳо метавонанд ин лоиҳаи барои мамлакат басо муҳимро дар амал татбиқ намоянд.
Ба ҳар сурат, мувофиқи тахминҳо ва ҳисобу китобҳои пешакӣ миқдори пардохти пули роҳҳое, ки дар оянда пулакӣ эълон хоҳанд шуд, чунин тасниф карда мешавад: Тошканд – Андиҷон – 5 доллар, Тошканд – Ангрен – 1,7 доллар, Тошканд – Қӯқанд – 1 ё 2 доллар.
Аммо тибқи тахминҳои пешакӣ мошинҳои боркашон зимни ҳаракат дар ин роҳҳо аз 5 то 20 доллари амрикоӣ пардохт хоҳанд кард.
Дар бобати сохтмони роҳҳои пулакӣ шояд Ӯзбекистон ҳамкорони хориҷии худро даъват кунад. Зеро баҳори соли 2018 президенти Туркия Раҷаб Тойип Эрдуғон ваъда кард, ки консорсиуми Cengiz-Kolin-Kalyon метавонад дар сохтмони ин роҳҳои кишвари мо ҳисса гузорад. Ба гуфтаи ҷаноби Эрдуғон пудратчиёни турк бори ин масъулиятро бар дӯш гирифта метавонанд. Дар он сурат мошинҳои сабукрав масофаи байни Тошканд ва Самарқандро бо суръати то 150 км/соат дар ду соат тай хоҳанд кард. 
29 апрели соли 2019 сарвари давлатамон қарор “Дар бораи чораҳои такмили минбаъдаи механизмҳои ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ”-ро эълон кард. Бинобар он дар фурсатҳои наздик сохтмони роҳҳои пулакии “Тошканд – Андиҷон” ва “Тошканд – Самарқанд”-ро бояд оғоз намоянд. 
Ҳар як сохтмон метавонад дар чанд марҳала сохта шавад. Мувофиқи ҳисобу китоби муқаддамотӣ лоиҳаи сохтмони роҳи 340 километрии пулакии Тошканд – Андиҷон дар ивази 2 миллиард доллар ва роҳи 300 километрии пулакии Тошканд – Самарқанд дар ивази якуним миллиард доллар сохта хоҳад шуд. 
Баъди боздид аз баъзе кишварҳои Осиё ва Аврупо метавон чунин хулоса намуд, ки корбасти ин роҳҳо танҳо манфиат хоҳад овард. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Озарбойҷон ва як қатор мамолики аврупоӣ ронандагон аз роҳҳои махсус истифода мекунанд, ки барои афзоиши суръати ҳаракати нақлиёт то 150 километр/соат мусоидат менамояд. Ҳамзамон маҳдудиятҳо дар мавриди суръати ҳаракати мошинҳо низ  мавҷуданд. Ба таври мисол, дар хати аввал мошинҳое ҳаракат мекунанд, ки суръаташон 60 км/соатро ташкил менамояд. Дар хати дуюм ин суръат 80 км/соат, дар хати сеюм 100 км/соат ва дар хати чорум суръати мошинҳо аз 120 то 150 км/соат муқаррар карда шудааст.
Оё дар мамлакати мо низ барои сохтани роҳҳои пулакӣ дар солҳои наздик иқдом сурат хоҳад гирифт? Оё ронандагони мошинҳо хоҳанд тавонист, ки барои расидан ба манзили хеш аз суръати тез истифода кунанд? Инҳо суолҳоеанд, ки ҷавоби онро танҳо вақт нишон медиҳад.

Мирасрор АҲРОРОВ, мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: