ДАР ТИРМИЗ ЯРМАРКАИ ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ АРЗОНУ БОСИФАТ ТАШКИЛ ГАРДИД

Имрӯзҳо саросари кишварамон шукӯҳи идона ҳукмрон. Ба муносибати иди Соли нав дар бозори деҳқонии «Яшил дунё»-и шаҳри Тирмиз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти арзоннарху босифат ташкил гардид.

Дар ярмарка фурӯши зиёда аз 40 намуди хӯрокворӣ, маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва қандолатӣ бо нархи арзонкардашуда ба роҳ монда шуд. Оиди пай дар пай расонда додани маҳсулот, барқарории нархи арзонкардашуда ва пешгирӣ кардани норозигиҳо раҳбарияти бозор чораҳо андешидаанд.

Маҳсулотҳо аз ҷониби фермер ва деҳқонҳо, инчунин корхонаҳои истеҳсолӣ пай дар пай расонда мешаванд.

Суратгир: Ҷ. Қӯзимуродов (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: