Аз 6 то 12 июл дар Ҷопон 4580 нафар бар асари гармии шадид ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд.
Ба иттилои Бюрои хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва коммуникатсия, ин нишондод нисбат ба ҳафтаи қаблӣ 3210 нафар зиёд аст.
Дар ҳамин давра дар префектураҳои Нагано, Шимане, Нагасаки, Оита ва Окинава ҳафт ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.
Бештарин шумораи бистаришавӣ дар Фукуока (456 нафар), Токио (255 нафар) ва Осака (230 нафар) сабт шудааст. Аз ҷумла, 105 бемор бо вазъи вазнин барои беш аз се ҳафта дар беморхона табобат гирифтаанд. Аз ҳамаи беморон 2827 нафар ё 61,7 дарсадро афроди аз 65-сола боло ташкил медиҳанд.
Мақомоти Ҷопон аз сокинон хоҳиш карданд, ки барои пешгирӣ аз гармозадагӣ оби кофӣ нӯшанд, аз кондитсионер истифода баранд, дар соатҳои аз ҳама гарми рӯз зери офтоби сӯзон намонанд ва ба саломатии кӯдакон ва пиронсолон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.