Аз замони оғози истифодаи ҳавопаймои мусофирбарии «Boeing 787-8 Dreamliner» аз ҷониби Ширкати миллии ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» расо даҳ сол гузашт. Пайдо шудани ин ҳавопаймои насли нав ва чунин дараҷа дар таърихи авиатсияи граждании Ӯзбекистон рӯйдоди муҳим гардид.
Дар тӯли ин солҳо на танҳо навъи комилан нави ҳавопаймо аз худ карда шуд, балки мактаби касбии худӣ оид ба омодасозии ҳайати парвозӣ ва муҳандисӣ, инчунин заминаи техникӣ ва таълимӣ низ таъсис ёфт. Яке аз саҳифаҳои муҳимтарини даҳсолаи аввали истифодаи ин ҳавопаймоҳо 27 июли соли 2017 буд, ки аввалин бор дар таърихи ширкат парвоз аз Тошканд ба Ню-Йорк (ИМА) бидуни фурудгоҳи миёнарав анҷом дода шуд. Имрӯз парвозҳои мустақим ба Амрико кори маъмулӣ гардида, ҳафтае панҷ маротиба анҷом дода мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоӣ даҳсолаи истифодаи «Boeing 787»-ро дар остонаи марҳилаи нави бузурги рушд пешвоз мегирад. Соли 2025 «Uzbekistan Airways» бузургтарин шартнома дар таърихи худро барои таҳвили 22 ҳавопаймои васеъфюзеляжии «Boeing 787-9 Dreamliner» ба имзо расонд. Интизор меравад, ки аввалин таҳвилҳо аз соли 2031 оғоз шаванд.
Аксбардор:
Рашид ГАЛИЕВ.