Дар Ӯзбекистон барои олимон низоми ягонаи Science ID ҷорӣ мешавад

Дар Ӯзбекистон барои олимону муҳаққиқон рақами ягонаи мушаххаскунандаи илмӣ — Science ID ҷорӣ карда мешавад.

Ҳамзамон, феҳристи ягонаи электронии ташкилотҳои фаъолияткунанда дар соҳаи илм ва инноватсия таъсис дода мешавад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки масъулони Агентии рушди инноватсионӣ хабар дода шуд.
Ташаббусҳои мазкур дар қарори Девони Вазирон аз 31 октябри соли 2026, таҳти рақами 604 пешбинӣ шудаанд.
Тибқи қарор, барои ташкили феҳристи ягонаи электронии ташкилотҳои илмӣ ва инноватсионӣ то 1 январи соли 2027 платформаи reyestr.ilmiy.uz таҳия мегардад. То 1 феврали соли 2027 бошад, хизматрасонии давлатӣ оид ба ворид намудани ташкилотҳо ба ин феҳрист роҳандозӣ шуда, то 1 апрел пойгоҳи ягонаи электронии маълумот дар бораи фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ ба кор медарояд.
Дар доираи низоми нав ба ҳар як олим ва муҳаққиқ рақами инфиродии мушаххаскунӣ дода мешавад, ки танҳо як маротиба дода шуда, дар тамоми фаъолияти илмии ӯ бетағйир боқӣ мемонад.
Тавассути ин рақам маълумот дар бораи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, иштирок дар барномаҳои грантӣ ва лоиҳаҳо дар як муҳити ягонаи электронӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мешавад.
Ҳамчунин, ҳангоми муайян кардани иловапулӣ ба маоши кормандони дорои дараҷаи илмӣ, мақолаҳои илмӣ, монографияҳо, патентҳо ва дигар дастовардҳои илмии онҳо ба таври электронӣ тасдиқ карда мешаванд.
Тибқи низоми Science ID, барои муаллифоне, ки фаъолияти баланди илмӣ нишон медиҳанд, то 10 фоизи маоши вазифавӣ иловапулӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ин маблағ ба таври худкор таъин намегардад. Саҳми илмии корманд ва мутобиқати фаъолияти ӯ ба меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби комиссияи ташкилот арзёбӣ мешавад.
Бо қарори мазкур тартиби фиристодани олимони ҷавон ба таҷрибаомӯзиҳои илмӣ дар хориҷи кишвар низ такмил дода шудааст.
Минбаъд довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии шомили 500-гонаи беҳтарини рейтингҳои байналмилалии QS, THE ё ARWU, инчунин ташкилоту марказҳои илмии дар 1000-гонаи рейтинги AD Scientific Index қарордошта фиристода мешаванд.
Дар озмун шахсони аз 20-сола боло ва то 40-сола ҳуқуқи иштирок доранд. Ҳамзамон, ҳар як довталаб метавонад танҳо дар як озмун иштирок намояд.
Илова бар ин, равандҳои ташкил, маблағгузорӣ ва назорати барномаи «Ҳаракати академӣ» ва озмуни «Олими оянда» низ рақамӣ карда мешаванд.
Ин тағйирот ба таъмини шаффофият ва татбиқи равиши ягона дар баҳисобгирии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, инчунин такмили механизмҳои дастгирии олимону муҳаққиқони ҷавон равона шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: