Дар арафаи Рӯзи муаллим ва мураббиён бо Фармони Президент як гурӯҳ кормандони соҳаи маориф барои саҳми арзанда дар рушди низоми таълиму тарбия ва омода кардани кадрҳои соҳибтаҷриба бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд.
Дар байни онҳо проректори якуми Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов оид ба корҳои таълим, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Аҳмадҷон Солиев низ қарор дорад, ки бо унвони фахрии «Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» мукофотонида шуд.
Ин рӯйдоди фараҳбахш баҳонаи хубе гардид, то бори дигар бо А. Солиев, ки аз хонандагони доимии рӯзномаи мо низ ҳаст, ҳамсуҳбат шавем.
– Ростӣ, ман интизори чунин қадршиносӣ набудам, – иқрор шуд Аҳмадҷон Солиев. – Хурсандам, ки меҳнати камтаронаи камина, чунин эътирофи бузург ёфт. Ва то ҳол аз гӯшаю канори гуногун табрикоти самимӣ мерасанд. Аз фурсат истифода бурда, мехоҳам тавассути рӯзнома ба ҳамаи онҳо барои суханони гарму самимӣ ва таваҷҷуҳашон изҳори сипос намоям.
– Шумо бо унвони фахрӣ сарфароз гардидед. Ба андешаи Шумо, мураббии воқеии насли ҷавон бояд чӣ гуна шахс бошад ва рисолати ӯ дар чист?
– Дар раванди таълиму тарбия шахсияти омӯзгор ва тарзи тафаккури ӯ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Набояд фаромӯш кард, ки омӯзгор масъулияти басо бузургро бар дӯш дорад: ӯ дар ташаккули шахсияти инсон саҳм мегузорад. Маҳз устодонам буданд, ки маро ба интихоби касби омӯзгорӣ ҳидоят карданд. Дар мактаби миёнаи рақами 16-уми ноҳияи Самарқанд, ки онро хатм кардаам, омӯзгорони зиёде ба ман сабақ додаанд. Аз ҷумла, Сайфиддин Нарзиев, Александра Болшакова, Барно Исмоилова, Анастасия Иванова, Ӯлмас Раззоқов ва дигаронро бо эҳтиром ба ёд меорам.
Устодони илмии худро низ бо сипосу эҳтироми хос ёд мекунам. Дар байни онҳо профессор Маъруф Исроилов ҷойгоҳи вижа дорад. Ҳанӯз дар овони мактабхонӣ омӯзгор, роҳбари маҳфили «Математикони ҷавон» Сайфиддин Нарзиев ин олими машҳурро ба сифати математики соҳибистеъдод ва меҳнатдӯст ба мо намунаи ибрат нишон медод. Баъдан, ҳангоми таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, шарафи шиносоӣ бо Маъруф Исроилов насибам гардид. Маслиҳату роҳнамоиҳо ва эътимоди ӯ ба қобилияту имкониятҳои ман дар муайян кардани самтҳои минбаъдаи фаъолияти илмиам нақши муҳим бозиданд. Баъдтар мо дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамкорӣ карда, семинарҳои илмӣ баргузор намудем ва китоби дарсӣ оид ба назарияи ададҳоро таҳия кардем.
Дар ташаккули фаъолияти илмии камина академик Шавкат Алимов низ нақши муҳим доранд. Бо тавсияи устод ба докторантураи Маскав дохил шудам. Профессор Александр Брюно низ, ки таҳқиқоти илмиро таҳти роҳбарии ӯ анҷом додаам, аз ҷумлаи устодонест, ки ҳамеша бо эҳтиром ёд мекунам. Брюно нафаре буд, ки дар 27-солагӣ доктори илмҳои физикаю математика ва профессори Донишгоҳи давлатии Маскав шудааст. Бо як сухан, аз ҳар кадоми устодон сабақе омӯхтаам. Муҳимтар аз ҳама, садоқат ба касбу кор, сахтгирӣ нисбат ба худ ва талоши пайваста барои аз худ кардани донишҳои навро ёд гирифтам.
– Алҳол технологияи иттилоотӣ дар ҳадди тасаввурнопазир рушд кард. Бахусус, истифода аз имконоти зеҳни сунъӣ дар ҷабҳаи илм хеле густариш ёфт. Ин ҳолат дар ин раванд то чӣ ҳад дурусту судманд хоҳад буд?
– Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ қариб тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла илму маорифро фаро гирифтаанд. Махсусан, имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ торафт васеътар истифода мешаванд. Ба андешаи камина, ин раванд дар маҷмӯъ мусбат ва судманд аст, ба шарте ки аз технологияҳои нав оқилона, мақсаднок ва бо дарки масъулият истифода шавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзгори муассисаи таҳсилоти олӣ, новобаста аз дараҷа ва унвони илмӣ, пеш аз ҳама бояд соҳиби дониши амиқу мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъ бошад. Ҷавобгӯ будани дониши ӯ ба талаботи меъёрҳои муосири байналмилалӣ хеле муҳим аст. Ман бо низом ва усулҳои таълими кишварҳое чун Чин, ИМА, Олмон, Англия, Ҷопон ва амсоли онҳо шинос ҳастам. Ин таҷриба маро ба чунин хулоса овардааст, ки технологияҳои нав метавонанд раванди таълиму таҳқиқотро самараноктар гардонанд, аммо ҳеҷ гоҳ ҷойи дониш, тафаккури мустақил ва маҳорати касбии омӯзгорро гирифта наметавонанд.
Зеҳни сунъӣ метавонад дар ҷустуҷӯ ва таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, коркарди маълумот, муқоисаи назарияҳо, омода кардани маводи таълимӣ ва пайдо намудани роҳҳои нави ҳалли масъалаҳо кумак расонад. Аз ин рӯ, омӯзгорону муҳаққиқон бояд истифодаи босалоҳият ва самараноки ин имкониятҳоро омӯзанд. Аммо хатари асосӣ дар он аст, ки инсон тадриҷан ба ҷавобҳои омодаи зеҳни сунъӣ такя карда, қобилияти мустақилона андешидан, таҳлил ва хулоса баровардани худро мумкин аст аз даст диҳад. Ҳамчунин, набояд фаромӯш кард, ки зеҳни сунъӣ на ҳамеша маълумоти саҳеҳ пешниҳод мекунад ва метавонад иштибоҳ ё маълумоти носанҷидаро ҳамчун ҳақиқат нишон диҳад. Аз ин рӯ, ҳар натиҷаи бадастомада бояд аз ҷониби инсон аз нигоҳи илмӣ санҷида ва арзёбӣ гардад.
Ба назари ман, зеҳни сунъӣ бояд ёвари омӯзгор ва муҳаққиқ бошад, на ҷойгузини онҳо. Вазифаи омӯзгор танҳо расонидани маълумот нест, ӯ бояд дар шогирдон тафаккури интиқодӣ, қобилияти мустақилона ҷустуҷӯ кардан, масъулиятшиносӣ ва ахлоқи илмиро ташаккул диҳад. Дар баробари азхуд кардани технологияҳои муосир, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибдонишу ватандӯст, ки ба талаботи ҷомеа ва ниёзҳои Ватан ҷавобгӯ бошанд, бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошад. Зеро пешрафти воқеии илму маориф на танҳо ба сатҳи технологияҳои истифодашаванда, балки пеш аз ҳама ба дониш, тафаккур, масъулият ва инсондӯстии инсон вобаста аст.
– Аҳмадҷон Солиевич, дар тӯли фаъолияти чандинсолаи Шумо дар донишгоҳ наслҳои зиёди математикҳо ба камол расидаанд. Кадом дастовардҳои солҳои охир бештар боиси хушнудии Шумо мегарданд?
– Бешубҳа, пеш аз ҳама, комёбиҳои ҷавонони мо маро шод мегардонанд. Имрӯз донишҷӯёни донишгоҳи мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, мақолаҳои илмӣ ба нашр мерасонанд, соҳиби стипендияҳои бонуфуз мегарданд ва таҳсили худро дар донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ идома медиҳанд.
Дар миёни ин ҷавонони соҳибистеъдод хатмкардаи факултаи математикаи донишгоҳи мо Бобомурод Абдураҳмонов низ ҳаст, ки дар олимпиадаи байналмилалии математика сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардидааст.
Ҳамчунин, боиси хушнудист, ки Самарқанд тадриҷан ба яке аз марказҳои мулоқоту ҳамкории математикони кишварҳои гуногун табдил меёбад. Дар ин ҷо як қатор конфронсҳои байналмилалии илмӣ баргузор шуданд, ки барои рушди илм ва бахусус дастгирии муҳаққиқони ҷавон аҳамияти калон доранд.
Солҳои охир мавқеи байналмилалии донишгоҳи мо низ ба таври назаррас таҳким ёфт. Соли 2026 Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз рӯи самти «Забонҳои муосир»-и рейтинги фаннии QS ба гурӯҳи донишгоҳҳои ҷойҳои 251-300-уми ҷаҳон шомил гардид. Ин дастоварди назаррас натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаи омӯзгорон, олимон ва тамоми кормандони донишгоҳ мебошад. Бовар дорам, ки дар оянда донишгоҳи мо ба комёбиҳои боз ҳам бештар ноил хоҳад шуд.
Мусоҳиб Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.