Институти муштараки байнисоҳавии тахассуси техникии амалии Белорус ва Ӯзбекистон, воқеъ дар Тошканд маросими дипломсупорӣ баргузор намуд.
Ин муассисаи олии таълимии давлатӣ буда, 20 ноябри соли 2019, тибқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами ҚП-4524 "Дар бораи таъсиси Институти муштараки байнисоҳавии тахассуси техникии амалии Беларус ва Ӯзбекистон дар Тошканд" таъсис ёфтааст.
-Ҳадафи асосии институт тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ ва техникии баландихтисос барои соҳаҳои саноат мувофиқи стандартҳои байналмилалии таълимӣ, ҷорӣ кардани барномаҳои муосири таълимӣ ва технологияҳои пешрафтаи педагогӣ ва иттилоотӣ мебошад. Инчунин, институт кадрҳои муҳандисии муосирро дар ихтисосҳои амалии техникӣ омода мекунад ва таҷрибаи таълимии ду кишварро дар раванди таълим муттаҳид менамояд,-гуфт директори иҷроияи институт Санҷар Мирзалиев.
Вай афзуд, ки ин маскани дониш дорои факултетҳои системаҳои муҳандисӣ ва тахассуси техникии амалӣ, инчунин шаш кафедра мебошад. Профессорон ва омӯзгорони ботаҷрибаи он ба донишҷӯён дар соҳаҳои муосири таълимӣ, аз қабили иқтисод ва педагогика, робототехника ва IT, биотехнология ва муҳандисии механикӣ, логистика, мошинҳои барқӣ ва метрология таълим медиҳанд.
Ба гуфтаи Санҷар Мирзалиев аз ҷамъи 3 ҳазор нафар донишҷӯ имсол онро 430 нафар ҷавонон хатм намуданд.
-Маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони институт замоне ба вуқӯъ мепайвандад, ки мардуми шарифи Ӯзбекистон 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвари худро таҷлил менамоянд. Ин кадрҳо барои рушду нумӯъи Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми босазои худро хоҳанд гузошт. Хатмкунандагон дар ҳар донишгоҳи дилхоҳашон дар кишвари мо - Белорус метавонанд таҳсилро дар магистратура давом диҳанд,-гуфт сафири Белорус Александ Огородников.
Баъд дар фазои мутантан ба хатмкунандагон дипломҳои бакалавру магистр супурда шуд.
Хатмкунандагонро депутатҳои Олий Маҷлис, ректорони донишгоҳҳо ва меҳмонони дигар табрику шодбош гуфтанд. Маросими мазкурро суруду рақсҳои ҷаззоб шукӯҳи тоза бахшид.
Маҳфуза АКБОЕВА,
котиби матбуоти
Институти муштараки
байнисоҳавии тахассуси
техникии амалӣ дар Тошканд