ҲИСОРИ ОСОИШУ НЕКУАҲВОЛӢ

Маҳалла ба инсон меомӯзад, ки бо ҷомеа ҳамоҳанг ба сар барад.

Он маъвои муқаддасест, ки ба гиреҳ хӯрдани риштаҳои меҳру оқибат, таҳаммулпазирӣ, дӯстиву ҳамкорӣ, камоли инсон ва рушди ҷамъият хидмат мекунад.

 

Сохтори маҳалла ба аҳолӣ ҳар қадар наздик бошад, бо ғаму ташвиши мардум ба сар барад, ҳамеша дар хидмати онҳо бошад, боварии одамон ба ин институт бештар мегардад. Натиҷаи ислоҳот, дигаргуниҳои рухдодаистода ва кайфияти аҳолӣ қабл аз ҳама дар маҳалла эҳсос карда мешавад.
Ҳоло ба рушди маҳаллаҳо давраи нав оғоз ёфтааст. Хусусан, ба сифати зинаи нав нақши институти маҳалла бобати ҳалли мушкилоти аҳолӣ дар ҷамъият афзоиш ёфта, «ҳафтгонаи маҳалла» созмон дода шудааст, ки ба он раиси  маҳалла, ёвари ҳоким, фаъоли занону духтарон, пешбари ҷавонон, инспектори профилактика, ходими андоз ва хидмати иҷтимоӣ шомиланд.
Президентамон ҳангоми ташриф ба вилояти Андиҷон бо шароити зиндагии одамон дар маҳаллаи Янги Ҳаёти шаҳри Хонобод ошно гардид. Дар ин маҳалла беш аз 3 ҳазору 500 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад. Дар муассисаҳои таълими томактабӣ, мактабӣ ва коллеҷҳо барои таълими хуб шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дигаргунӣ ва навгониҳое, ки имрӯз дар ин минтақа рӯй медиҳанд, шигифтангезанд. Мушкилоте, ки тӯли солҳо одамонро ба андеша водор мекард,  ҳаллу фасл мегарданд. Дар ин ҷо беш аз даҳ меҳмонхонаи хусусӣ, қариб бист дукони савдо, сартарошхона ва шуъбаҳои хидматрасонӣ фаъолият доранд.
Мушкилоти иҷтимоии маҳалла пасупеш ҳал мегардад. Корҳое, ки бино ба ободонии ҳар ҳавлию кӯча ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқ анҷом дода мешаванд, сабаби хушҳолии аҳли маҳалла мегардад. Аз ҳама муҳимаш, одамон аз ҳаёти худ розиянд, боварии онҳо ба давлату оянда таҳким меёбад.
Ҳар як маҳалла дорои имконият, урфу одат ва талабу дархостҳои сокинони худ аст. Биноан, дар ҷамъомаде, ки доир ба муҳокимаи масоили рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Андиҷон баргузор гардид, вазифаҳои устувори рушди институти маҳалла муайян гардиданд.
Минбаъд бино ба ободонӣ ва кабудизоркунии маҳаллаҳо таҷрибаи Андиҷон рӯйи кор хоҳад омад. Барномае бино ба ихтисосонидани онҳо ба меваю сабзавот, чорводорӣ, ҳунармандӣ, хонакорӣ, саноат, савдо ва хидмат ба амал татбиқ карда хоҳад шуд. Ин барнома ҷавонон ва занону духтарони бекорро ба ҷунбиш меоварад, онҳоро ба фаъолшавӣ даъват менамояд.
Фикр мекунем, баъди ташрифи Президент ба вилоят садҳо лоиаҳои нав ба амал татбиқ мешаванд, ҳазорон ҷойи нави корӣ ба вуҷуд оварда хоҳад шуд, аз ҳама муҳимаш, сатҳи некуаҳволии халқ баланд мегардад. Мо — намояндагони халқ, яъне депутатҳо бобати иҷрои саривақтии вазифаҳои пешбинишуда, камари ҳиммат хоҳем баст.

Тӯлқин КАРИМОВ, 
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: