ХИШТИ АВВАЛ ЧУН НИҲАД МЕЪМОР...

Саноат Зоҳидова 14-уми августи соли 1988 дар маҳаллаи Андиҷонии ноҳияи Самарқанд дар оилаи зиёӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил гирифта, фаъолияти меҳнатиашро пас аз хатми магистратура ҳамчун омӯзгор дар Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ходимони таълими халқи вилояти Самарқанд оғоз намудааст. Аз соли 2019 дар кафедраи “Педагогика ва психологияи таълими томактабӣ”-и ДДС ҳамчун омӯзгор, мудири кафедра, аз соли 2021 инҷониб декани факултаи таълими томактабии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финляндияи (назди) Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст.
Аз соли хониши 2021-2022 факултаҳои педагогӣ дар алоҳидагӣ ба Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон – Финляндия табдил ёфт. 
Факултет дар зарфи мавҷудияташ ба кадом муваффақиятҳо соҳиб шуд? Норасоӣ ва муаммоҳое, ки садри имрӯзаи факултаро озор медиҳад? Дар кадом шакл, тарз ва забони таълим монеаҳо дида мешаванд? Оё хатмкардагони факултет бекор намемонанд?
Чунин пурсишҳо моро водор намуд, ки бо декани факултет, номзади фанҳои педагогӣ, доктори улуми фалсафа Саноат ЗОҲИДОВА суҳбат дошта бошем.
– Муаллима, соли гузашта Шумо – устодон парастуҳои аввалини факултетро сӯи олами таълими кӯдак боли парвоз бахшида будед...
– Хеле қиёси зебо. Дар ҳақиқат, ҳоло факултети мо ба хатмкунандагоне, ки таи се сол асрори таълими томактабиро омӯхтанд, дипломи бакалаврӣ медиҳад. Дар факултаи таълими томактабӣ донишҷӯён дар шуъбаҳои рӯзона (3 сол), шабона (3,5 сол) ва ғоибона (4 сол) таҳсил мегиранд. 
Аз ҷониби ҳукумат ба тайёрнамоии кадрҳои соҳаи таълими томактабӣ эътибори ҷудогона зоҳир мегардад. Қарори Президент “Дар бораи боз ҳам такмил додани соҳаи таълими томактабӣ” ҳар як вакили соҳаро водор месозад, ки нисбати вазифаи худ боз ҳам масъулиятшинос шуда, пайваста дар омӯзиш бошанд. 
– Мувофиқи Қарори Президент аз бахши дуюм барои донишомӯзон тартиби “4+2” ҷорӣ мегардад...
– Дуруст. Президент ба соҳаи таълим эътибори махсус медиҳад. Тартиби “4+2” имкон медиҳад, ки кори дониши назариро ба амалӣ пайванданд. Донишҷӯён чор рӯз дар муассисаи таълими олӣ таҳсил мегиранду ду рӯз дар ташкилоти таълими томактабӣ, мактабҳои миёнаи умумӣ мешаванд. Инчунин, аз соли 2023 Барномаи иловагии омӯзиши педагогӣ ба амалиёт ҷорӣ мегардад. Бар асоси пардохт донишҷӯёни дар ду курси охир таълимгиранда дар вақти холии худ низ ба таври иловагӣ асрори фанро меомӯзанд. Дар ин курсҳо аз ҷониби вазорат, идора ва ташкилотҳои манфиатдор грант ҷудо хоҳад шуд. Пас аз хатми муассисаи олӣ ба донишҷӯён барои хониши курси махсус сертификат дода мешавад.
– Бигӯед, ки ин сертификат чӣ гуна имтиёз дорад?
– Аксар хатмкардагони муассисаҳои олӣ дар курси азнавтайёркунӣ мехонанд. Чи тавре ки дар боло гуфтам, донишҷӯи курси болоӣ дар вақти холӣ дар курси махсус мехонад. Хатмкунандаи муассисаи олӣ баробари супоридани диплом сертификат ҳам мегирад. Ин сертификат имкон медиҳад, ки дар Донишкадаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос нахонда, дар муассисаҳои таълими томактабӣ, миёна, миёнаи махсус ва касбӣ бо фаъолияти педагогӣ машғул шаванд.
– Ходимони муассисаи таълими томактабӣ монанди меъморанд, ки хишти аввали бинои бузургро мегузоранд. Мустаҳкамии бино, таровату шаҳомати он маҳз ба устои поягузор вобастагӣ дорад. 
– Хеле хуб таъкид кардед. Бояд худи омӯзгороне, ки кадрҳои соҳаи таълими томактабиро тарбия мекунанд, донишманд, масъулиятшинос ва соҳибтаҷриба бошанд. Мувофиқи қарори сарвари давлатамон ҳар сол бештар аз 5 фоизи профессору омӯзгорони муассисаҳои таълими олии педагогӣ аз ҳисоби бунёди берун аз буҷет интихобан барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба давлатҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.  То соли 2024 барои донишҷӯён методҳои таълими мустақилона, сохтори таҳлилкунӣ ва фикри эҷодӣ ҷорӣ мегардад. Инчунин, сохтори идоракунии ҷараёни таълими олӣ ба амал татбиқ мегардад.  Дар сохтори ахбор барномаҳои хониши электронӣ, корҳои илмиву тадқиқотӣ, маводи таълими мултимедиа, сабти аудио, навори видеоии маърӯзаҳо ва ғайра пешкаш мегардад. 
– Муаллима, соли хониши нави 2022-2023 оғоз меёбад. Устодону таълимгирандагони ташнаи илм боз ба даргоҳи маърифат мешитобанд, ки аз оби зулоли дониш баҳра бардоранд...
– Барои таълимгирии донишҷӯён тамоми шароитҳо муҳайёст. Кабинетҳои лаборатории физика, кимиё, биология ва таълими технологӣ бо асбобу ускунаҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида интизори донишҷӯён аст. Бигзор, ҷавонон соҳиби дониши қавӣ гарданду барои ободӣ, ривоҷи мамлакат саҳми босазо гузоранд.
– Президент дар ҳар баромади худ таъкид менамояд, ки бояд ҳар як кӯдак нахуст дар кӯдакистон тарбия ёбад...
– Бале, имрӯзҳо барои дар амал тасдиқи худро ёфтани фикри Сарвари мамлакатамон шароит фароҳам аст. Кӯдакистонҳои нав барпо мегарданд. Таъмири хушсифати боғчаҳо фарзандони моро хурсандӣ мебахшад....
– Назари Шумо дар бораи забони таълим дар кӯдакистон чӣ гуна аст?
– Ҳалли муаммои забон ба худи соҳибзабон сахт вобастагӣ дорад. Мувофиқи Конститутсия бояд ҳар як шаҳрванди мамлакат ба забони модарии худ таълим гирад, тарбия ёбад. Аз тарафи давлат ин имкониятҳо ҳаст. Худи тарбиятгар барои фарзандаш забони таълимро бояд интихоб намояд.
Масалан, дар факултети мо донишҷӯён ба се забон тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ таълим мегиранд. Вақти қабул ба донишгоҳ дар се гурӯҳ ҳам довталабон зиёданд. Вале пас аз чанде маълум мешавад, ки аксарияти толибилмони гурӯҳҳои тоҷикӣ ба гурӯҳҳои дигар гузаштаанд ё бо хониши иловагӣ забони таълимашонро дар ҳуҷҷаташон дигар кардаанд.
– Барои суҳбат ташаккур!

Мусоҳиб 
Дилрабо НАСИМӢ.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: