БОЗ ЯК «ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ»

Имрӯзҳо анъанаи «Вохӯрии се насл» миёни аҳолӣ, бахусус, ҷавонону наврасон мунтазам идома ёфта истодааст.

Ин вохӯриҳо, бешубҳа, дар тарбияи насли наврас ва бо роҳи дурусту қатъӣ қадам гузоштанашон аз наздик кумак хоҳад расонд.
Чунин як вохӯрии хеле хотирмону таъсирбахш дар таълимгоҳи умумӣ ва миёнаи рақами 80-уми ноҳияи Сариосиё баргузор гардид. Дар он раиси шуъбаи сариосиёгии хазинаи «Нуронӣ» С. Қосимов, нурониҳои фаъол, аъзоёни гурӯҳи «Шӯрои маслиҳат» ва дигарон иштирок намуданд.
Директори мактаб Сайриддин Муслиҳиддинов оиди ин вохӯрии муфид ва аҳамияти он барои наврасон гуфта гузашт.
Дар вохӯрӣ нурониёни фаъол ба сухан баромада, ба ҷавонон оиди эътибор ба гиромидошти инсон, бо дастгирии сарвари кишвар, зоҳир намудани ғамхорӣ ба ҳар аъзои оила ва ба рӯи об баровардани орзуву нияти инсон маълумот доданд. 
Инчунин, пиромуни боз ҳам бештар эҳё намудани урфу одатҳои миллиамон, тарбия дар оила, робитаи мустаҳками оила, мактаб, маҳалла ва аҳамияти он баҳри таълими ҷавонон маслиҳатҳои муфид дода шуданд. Хусусан, оиди дар чунин замони пуртаҳлука орому осуда будани Ӯзбекистони азизамон, ки метавон инро як дарси ибрату тарбия номид, шукргузорӣ карда шуд.
Дар хотимаи ин вохӯрӣ як гурӯҳ шогирдони таълимгоҳ шеъру тарона хонда, саҳначаҳои бадеӣ намоиш доданд. 

Замира МАҲМУДОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: