1.ҚИССАИ ҲОҶӢ

(Порае аз қисса)

Хонандагони рӯзномаи «Овози тоҷик» бо эҷодиёти нависанда Юнуси Имомназар тавассути ҳикояҳои намакии ӯ, қиссаҳои «Гурез аз худ», «Равзанаи умед», таълифоти этнографии «Деҳаи зархез» ва романи «Сабзу сурх» ошноянд.
Нависанда дар ҳар куҷо, ки бошад ба зиндагӣ бо чашми ибрат менигарад ва саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бардоштҳояшро дар қабои бадеият ба хонанда пешниҳод намояд.
Ҳоҷӣ Юнус  аз ҳаҷҷи акбар бо дастоварде баргашт, ки «Қиссаи ҳоҷӣ» унвон дорад. Баъди ба истиқлол расидан сафи ба зиёрати хонаи Худо равандагон ба маротиб афзуд. 
Образи коммунист-ҳоҷӣ – Арбоб, ки парвардаи аҳди шӯравӣ аст, дар қиссаи мазкур хеле боварибахш инъикос ёфтааст...
Ҳайати таҳририя дар моҳи шарифи Рамазон тасмим гирифт, ки порае аз ин қиссаро чун туҳфаи идона ба шумо, хонандагони арҷманд, пешниҳод намояд. Инак, қазоват аз шумо.

БАХШИ АДАБИЁТ ВА ҲУНАРИ «ОВОЗИ ТОҶИК».
Ҳавопаймои мо рӯ ба фарози осмон кард, мустақим хатсайри Мадинаро пеш гирифт. Аҷаб, бовари кас намеояд, наход ки ман ба ҳаҷ меравам? Магар мешавад ба сафаре бароӣ, ки на дар хоб дида бошиву на ба хаёлат омадааст?
«Шумо бояд Ҳоҷибобо шавед! – боре гуфта буд ҳамсарам. – Он гоҳ ман бо сари баланд мегардам, зани ҳоҷӣ шудан бароям шараф аст!». Чӣ гуна обрӯю шараферо мехост, ҳеч намефаҳмидам. Сухани ӯро шӯхӣ пиндошта беэътино гаштам. Қазоро, аз он суҳбат моҳе гузашту раиси маҳалла маро садо зад ва хабар дод: «Киё Арбоб, омодагиатонро бубинед, шумо низ ба рӯйхати ҳаҷкунандаҳо афтидед». Сари ҷо шах шудам. Шунидани ин пайғом бароям ғайримунтазира буд. Ҳарчанд сухани ҳамсарам перомуни зеҳнам давр мезад, ба ин зудӣ рӯйи об омадани ҳавасҳои ӯ маро гиҷ кард...
Ҳоло мани даҳрӣ бояд ба ҳаҷ равам! Ҳеч, дунёро воруна мебинам. Оё мане, ки як калима аз фармудаҳои Худову расул намедонам, мане, ки либоси коммунистӣ ба бар мӯйи сарамро бо таъқиби диндору худоҷӯён ва кӯфтану озор додани намозгузорон сапед кардаам, ба чунин як сафари муқаддас лоиқам? Магар инсонеро мисли мани бадбин, ки ба сӯхтану аз байн бурдани китобу ҷонамозҳо иштиёқи бепоён доштам, ба он хостгоҳи Каломи Худо роҳ медиҳанд? Фикр мекунаму ба поёни андешаҳоям намерасам. Дар рӯзи равшан мани олудаву ошиқ ба маю шароб дар роҳи тавофу зиёрати хонаи Худо ҳастам...
Ба худ наомада, аз хаёл мегузаронам: «Бешубҳа, ё ман инсони хуб ҳастаму худам намедонам, ё одамон кӯру гӯлу гаранг шудаанд. Наход дидаю дониста як нафар бенамозеро, ки ҳатто аз таҳорату таяммум хабар надорад, ба ҳаҷ фиристанд?».
Нигарониҳои маро дида, ба рӯйи ҳама нопокиҳо хок кашида, ҳамсарам ба ман дил медод. Ӯ то ҳадде бо итминон ҳарф мезад, ки ҳеч наметавонистам ба гуфтаҳояш бовар накунам. «Ҳар чӣ буд, ҳар кори нобобе кардаед, дар гузашта монд, – мегуфт вай бо руҳияи беғубор. – Кадом мусалмон иштибоҳ намекунад? Ҳама гуноҳкорем, ҳеч бандаеро намеёбед, ки кори хато накарда бошад. Инак, фурсати муносиб дар даст доред, замони тавбаву тазарруъ дар ихтиёри шумост. Мегӯянд, амалҳои ҳаҷ ҳазор-ҳазор ширку тақсиру ҷурмро аз байн мебарад, Худо бо шунидани тавбаю истиғфор кӯҳ-кӯҳ гуноҳи бандаҳои хатокори худро мағфират мекунад!».
Ин гуна суханҳои ҳамсарам рӯз аз рӯз бештар маро аз шигифтзадагии ногаҳонӣ раҳо мекард. Гузашта аз ин, бо илтифоту ҷонибдории дӯстону наздиконам низ гӯё аз хоби ғафлат бедор мешудам: «Ту одами Худо ҳастӣ, Арбоб! – мегуфтанд онҳо бо ҳавас. – Фариштаҳо ба ту омин кардаанд, ки ба ҳаҷ биравӣ! Сиҳат раву саломат баргард, моро низ дуо кун!». Аҷабо, мани бедин бояд ба ҳаҷ равам ва дар ҳаққи дӯстонам дуо кунам...
Медидам, ки дар ҳақиқат ман хоб нестам ва ин ҳамаро дар бедорӣ, равшан бо чашми худ мебинам. Хуршед меояду аз соат намепурсад, мижаро ба ҳам назада вақту замони азимат даррасид. Бо гузаштан аз муоинаи духтурон ва таҳияи ҳуҷҷатҳои лозим, ки ҳама рӯякиву хасакӣ буд аспи сафарро қамчин задем. Панҷоҳ нафар марду зани ҳаҷкунанда дар гурӯҳи бисту чорум ҷамъ омада, бо парвози навбатӣ ба ҷониби Мадина парвоз кардем.
Аз нахустин қадаме, ки ба хоки Арабистони Саудӣ ниҳодам, бар замми ҳайрату шигифти доимӣ, ларзиши, аҷибе тану ҷонамро фаро гирифт. Ҳамин ки дар фурудгоҳ пиёда шудем, аз ҳамҳамаю ҳилҳила ва бар замми ин, доду фарёди ҳамсафарон шах шудам. Ҳама хурсандӣ мекарданд, шодию шараф то ҳадде буд, ки гирякунон ашки шодӣ мерехтанд. Ба маҳзи фуромадан аз пилапояи ҳавопаймо, ҳамсафари бағалдасти ман Дарвеш низ дар канори дигарон зону ба замин зада, бо саҷда ба шаҳри Мадина бағал кушод. Фурӯ дар тааҷҷубу ҳайрат пурсидам:
– Бародар, ин ҳама таъзиму ниёиш барои чист?
Ӯ бо оҳанги накӯҳиш гуфт:
– Эй бехабар, ҳанӯз хобӣ мегӯям?! Мо ба меодгоҳи расули акрам, ба шаҳри мунаввари Мадина расидем!
Ин ҷо ба ёдам омад, ки раҳораҳ домуллои гурӯҳамон қиссаҳое мегуфт. Ҳарчанд мағзи аз донистаниҳои динӣ палағдаи ман ёрои нигаҳ доштани ҳадису нақлҳоро надошт, ҷо-ҷо чизҳоеро мешунидам ва дарк мекардам. Ӯ мегуфт, исми пешинаи Мадина Ясриб аст ва маънии Мадина – шаҳр. Биллоҳ, на шаҳри одӣ, балки Мадинатун-набӣ, яъне шаҳри паёмбар! Аз ҳиҷрати расули акрам ба ин шаҳр таърихи мусалмонон оғоз гаштааст. Маҳз дар ҳамин ҷо масҷид ва марқади Ҳазрати Муҳаммад, хокҷойи саҳобаҳояш – қабристони Бақеъ ва чандин макони муқаддас ҷой доранд. Ин шаҳр дар ибтидо пойтахти ҳукумати исломӣ буд...
Юнуси ИМОМНАЗАР
(Давом дорад).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: