Забони модарӣ

Муҳаммади ШОДӢ

Муҳаммади ШОДӢ

Забони модарӣ 

Дар даҳонӣ, дар дилу ҷонӣ, забони модарӣ,
Гавҳарӣ гӯё зи баҳри бекарони модарӣ.

Модарон хонанд бо ту аллаҳои рӯҳбахш,
Мерасӣ бар гӯши мо ҳамчун навои рӯҳбахш.

З-он даме ки Рӯдакӣ биншаст бар тахти сухан,
Тофт, эй тоҷик, чун толеъи ту бахти сухан.

Буд даврони сухан то даврҳое рондаӣ,
Тоҷ бар сар будаию тоҷ бар сар мондаӣ.

Эй забон, ҳар лаҳза гӯё шеърпардоз офарӣ,
Эй сухан, эй ҳарфи маънирез, эъҷозофарӣ.

Рӯдакӣ бар булбул омӯзонд савти тозаат,
То фалакҳо Ҳофизи Шероз бурд овозаат.

Кард Фирдавсӣ бапо аз назм қасри бошукӯҳ,
Ёздаҳум аср аз «Шаҳнома» – асри бошукӯҳ.

Кохҳое, ки ба бунёданд аз шеъри баланд,
Аз ниёгонанд бар мо ёдгори бегазанд.

Аз азал ҳамчун малакҳо будаӣ некӯсиришт,
Бо ту гӯё гуфтугӯ мекардаанд аҳли биҳишт.

Қудсиён дар аршҳо гӯянд бо ту рози дил,
То ту ҳастӣ дар даҳон, завқанд аз парвози дил.

Эй дарӣ, зебандаӣ бар тахт, бар дарборҳо,
Бар кутуби осмонӣ, бар дуо, тӯморҳо.

Эй забони аҳли имон, гуфтугӯ бо ту шараф,
Эй забони илму ирфон, гуфтугӯ бо ту шараф.

Рӯдакиавлодҳо бо ту сухан сар мекунанд,
Шеъри Лоҳутию Турсунзода азбар мекунанд.

Зинда бошӣ, эй забони модарӣ, то зиндагист,
Зиндаию дасти мо бар домани пояндагист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: