АЛИШЕР НАВОӢ — ХУРШЕДИ ҶОВИДОНИ НУРПОШИ ШЕЪР

Имрӯзҳо дар кишварамон 583-юмин солгарди зодрӯзи шоири мутафаккир, арбоби давлатӣ ва ҷамоатӣ Алишер Навоӣ дар сартосари мамлакатамон васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Ин натиҷаи он аст, ки дар мамлакат ба мероси шоири бузург арҷ гузошта шудаасту корҳои маънавию маърифатӣ доир ба нигоҳдорӣ ва тарғибу ташвиқи осори ӯ бо рӯҳи замон ҳамоҳанг аст.
Субҳи 9-уми феврал Хиёбони адибони пойтахт серодам буд. Дар он ҷо ба муносибати 583-юмин солгарди зодрӯзи Алишер Навоӣ эҷодкорони зиёӣ, алоқамандони адабиёт, намояндагони ҳайатҳои дипломатии хориҷии дар кишварамон номнависшуда, созмонҳои байналхалқӣ, олимони навоишиноси хориҷӣ, намояндагони вазорату созмонҳои гуногун, донишҷӯён ва мактабиён гирди ҳам омада буданд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Шоири халқии Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид таъкид кард, ки дар мамлакат ҷараёни навсозиҳо бо дигаргуниҳои бемисле, ки дар соҳаи маънавияту маърифат рух медиҳанд, ҳамоҳанг мебошад. Барои бедории маънавӣ ва худшиносии миллӣ дар ҷомеа ба омӯхтани осори Навоӣ рӯйи эътибор гардонда мешавад.
— Солҳои охир осори Навоӣ ба бисёр забонҳо тарҷума шуданд, — гуфт раиси Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Саййид. — Навоӣ дар осори хеш ба дӯстии халқҳо, хусусан, қаробату ҳамҷиҳатии ақвоми турк, таълиму тарбия ва фаъолияти мураббиён аҳамияти ҷудогона додааст. Имрӯз ин ҷиҳатҳо ба навсозиҳои маърифатии соҳаи таълими кишварамон низ вобаста аст.
Мушовири сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар мамлакатамон Ҷасулин Искандаров таъкид намуд, ки ғояҳои осори Алишер Навоӣ имрӯз низ аҳли оламро ба некӯкорӣ, сулҳу салоҳ, ҳамҷиҳатӣ, покии маънавӣ ва инсофу диёнат даъват менамоянд.
Директори Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоии Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои филологӣ Ҷаббор Эшонқулов доир ба нашри девони Навоӣ дар Туркия батафсил маълумот дода, қайд намуд, ки ин нашр дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва маънавию маърифатии ақвоми туркзабон аҳамияти вижа дорад.
Олими эронӣ, профессор Ғуломризо Рамзӣ доир ба ҳифзи дастхатҳои Навоӣ дар Эрон, иншооте, ки аллома дар ин кишвар бунёд намудааст, маълумот дод.
— Аз он, ки ҳоло дар Ӯзбекистон дар ҳузури авлоди Алишер Навоӣ қарор дорам, хеле мамнунам, — гуфт Ғуломризо Рамзӣ. — Таърихи робитаҳои фарҳангии байни Эрону Ӯзбекистон басе тӯлонист. Муносибатҳои ҳасанаи ин робитаҳо ба давраи зиндагӣ ва эҷоди Навоӣ рост меояд.
Тарҷумони ҷавон Мадинабону Муҳаммадризоева тарҷумаи англисии ғазалҳои Навоӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд намунаҳои эҷоди шоир ва мутафаккирро ба дигар забонҳои хориҷӣ ба самъи ҳозирин расонданд.
Дар чорабинии мутантан донишҷӯён ва мактабиён шеърҳои шоирро қироат карданд ва сурудҳои оҳангбастаи овозхонон ба ғазалҳои шоир садо доданд.
Дар чорабинии пуршукӯҳ роҳбари Департаменти рушди иҷтимоии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одил Абдураҳмонов иштирок кард.
Ба ин муносибат дар Хиёбони шоирони кӯчаи ба номи Навоии пойтахт ва майдони назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ба номи Алишер Навоии Тошканд низ чорабиниҳо баргузор шуданд.
Ин гуна чорабиниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар, китобхона ва созмонҳои эҷодӣ баргузор мешаванд.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА. 
Сурати ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: