Аз духтурон шоду мамнунам

Инсон фақат баъди беморӣ ба қадри саломатии худ мерасад.

Инсон фақат баъди беморӣ ба қадри саломатии худ мерасад. Барои барқарории он умед мебандад ва ширинии ҳаётро дарк мекунад. Дар ҷисму ҷони худ бемориеро ҳис мекардам ва гоҳо он маро хеле азият медод. Соли нав фаро мерасид ва ҳама бо кайфияти хубу аъло аз пайи истиқбол гирифтани соли нав буданд. Аммо дарди ман рӯз аз рӯз шиддат мегирифт ва азиятам меафзуд. Таваккал кардаму ба маркази илмии онкологии вилоят омадам ва ба духтурони он муроҷиат кардам. Ба қабули ҷарроҳи тоифаи олии шуъбаи ҳаракати сару гардан ва онкологияи кӯдакон Дилшод Сулаймонов даромадам ва дар бораи дарде, ки маро азият медиҳад, шикоят кардам. Мудири шуъбаи мазкур Отабек Каримов, пизишк-ҷарроҳ Нигорахон Муйдинова низ ин ҳарфҳои маро шуниданд. Баъд варақаи бемориам ва натиҷаи муоинаҳои тиббиро, ки тавассути дастгоҳҳои гуногуни замонавӣ муайян карда будам, аз назар гузарониданд.
– Шумо ҳаргиз ноумед нашавед. Мо машварат мекунем ва роҳи шифоёбии шуморо меҷӯем. Умедворам, ки сабабгори барқарор шудани саломатии шумо мешавем, – маро бо меҳрубонӣ хотирҷамъ карда гуфт Дилшод Сулаймонов.
Дили касе, ки ба ҷони дигарон месӯзад, ҳаргиз камиро намебинад. Пизишкон дастаҷамъона ба муолиҷа шурӯъ карданд. Навбат расиду маро ба мизи ҷарроҳӣ хобониданд. Ин ҷарроҳӣ панҷ соат давом кардааст. Намедонам,  ки дар ин фурсат пайвандону дӯстонам дар берун ба кадом ҳол афтодаанд ва аз сарашон чиҳо гузашт.
Вақте ки ба ҳуш омадам, болои сарам Дилшод Сулаймоновро дидам, ки бо табассум ба рӯям менигарист. Аз чеҳраи нурбораш маълум буд, ки ҳама кор хуб аст. Ман дарк намудам, ки саломатиам минбаъд беҳтар мешавад ва аз азобу азияти дарди ҷонкоҳ наҷот меёбам.
Бояд зикр кунам, ки то рӯ ба рӯ шудану мавриди муолиҷа қарор гирифтанам ба куҷо нарафтаму дари кадом сервизҳои тиббиро охурча накардам. Акнун пушаймонам, ки мустақим ба назди пизишки худамон ояму дарду доғамро ба вай гӯям. Шукри Худовандро мекунам, ки дасти Дилшод Сулаймонов ба ҳайси ҷарроҳ сабук будааст!
Шояд мисли ӯ пизишкони донову заковатманди соҳаи худ дар вилоятамон кам нестанд. Маро Дилшод умри дубора бахшид. Фикр мекунам, ки ин пизишки ҷарроҳ яке аз фарзандони ҷоннисор, фи-доӣ, содиқи халқу Ватан ва касбу кори худ мебошад. Нуктаи дигареро, ки баъди дар ин шифохона шифо ёфтан дарк намудам, ҳалолу пок будани пизишкон аст. Онҳо на барои пулу мукофот, балки барои шифо бахшидани одамон шабу рӯз заҳмат мекашиданд. 
Масъулият нисбати касби худ ва муомилаву муносибати накӯ бо беморон низ аз фазилатҳои беҳтарини инсонӣ аст, ки дар ин ҷо пай бурдам. Ба пизишкони ин даргоҳи барқароркунии саломатӣ Отабек Каримов, Нигорахон Муйдинова, Дилшод Сулаймонов ва дигар пизишкону хоҳарони шафқат ибрози сипос менамоям. Дасташон ҳаргиз дардро набинад!

Зоҳир СУЛТОН,
сокини деҳаи Демирсади
ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: