МУАЛЛИМ, УМРИ ТУ САРФИ ҚАЛАМ ШУД

Ҳақ бар ҷониби Ҷалолиддини Румист.

Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеч Мавлоно нашуд Муллои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Ҳақ бар ҷониби Ҷалолиддини Румист. Барои камолоти ҳар як кӯдак,  ҳар як шахс  пеш аз ҳама устод заҳмат мекашад. Ӯ кӯдакеро, ки дар бораи олами  атроф тасаввуроти казоие надорад, образи ягон ҳарфро  намешиносад, аз олами  одамгарию маърифат дар канор аст, ба вуҷуди ҳассос, ҷаҳонбин ва одамшинос табдил  медиҳад. Ман ҳам он рӯзҳое, ки ба остонаи мактаб қадам ниҳодам, нодону гумроҳ ва аз олам бехабар будам. Дар вуҷуди  тираи ман чароғи маърифат  ва одобу ахлоқи инсониро устоди арҷманд, муаллимаи хоксору дарёдил, устоди устодҳо – Хуморой Саидова мунаввар намуд. Ман навиштани ҳарфу рақам, фарқ карда тавонистани  дасти чапу рост – хуллас, ҳама одаму одамгариро аз ин фариштаи илму маърифат омӯхтам. 
Хуморой Саидова соли 1959 дар деҳаи бостонии Эсоқӣ дар оилаи марди зиёӣ – Ҳоҷӣ Эшонқулбобо Саидов  ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи  рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 1991 инҷониб дар мактаби таълими умумии рақами 12-уми ноҳияи Сариосиё ҳамчун муаллимаи синфҳои ибтидоӣ адои вазифа дорад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Муаллимаи тоифаи олӣ буда, ҳар як дарси ӯ як хазинаи  бузургест. 
Дарси муаллим ар бувад зам-замаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Шояд, ки ин мисраъҳоро Ҷомии бузургвор барои Хуморой Саидова барин омӯзгорон гуфта бошад.
Ман бо устоди худ мефахрам ва шодам,ки аз чунин олиҳаи илму маърифат сабақ омӯхтаам. Аз хурдӣ орзу доштам, ки омӯзгор шавам. Ана, ҳамин орзуҳо маро имсол ба даргоҳи донишгоҳ оварду донишҷӯ гардонид.  
Маро дар зиндагӣ оинаи пок аст панди ту,
Маро фахр аст паймудан раҳи пасту баланди ту.
Туро имрӯз ҳарҷое равам, анбоз меёбам,
Зи дастури ҳаётат шаҳпари парвоз меёбам...
Хуморой Саидова муаллимаи тоифаи олӣ буда, яке аз омӯзгорони  беҳтарини мактаби рақами 12-ум аст. Шогирдони зиёд дорад.
Устоди азизу гиромии ман – фариштаи илму маърифат – Хуморой Саидова! Ҳамеша тандурусту солим ва хушбахту хушрӯзгор бошед, дар марзи дили шогирдон тухми илму маърифат – бахту саодат коред! Ман шуморо дӯст медорам.  
Муаллим, умри ту сарфи қалам шуд,
Ғаму шодӣ, шабу рӯзат  ба ҳам шуд.
Ду чашмонат чу шамъи пилтасӯзе,
Дурахши роҳи мардум гашту кам шуд.

Дилфуза МУРОДУЛЛОЕВА, 
донишҷӯйи соли аввали бахши тоҷикии факултаи синфҳои ибтидоии 
Донишгоҳи 
соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: