СОҲИБИ ИРОДАИ ШИКАСТНОПАЗИР

Нина Мартинова дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон муҳосираи Ленинградро аз сар гузаронидааст.

Нина Мартинова дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон муҳосираи Ленинградро аз сар гузаронидааст. Вай чунин меҳисобад, ки барои ӯ дар он шароит зинда мондан муъҷиза буд. 
Нина Федосеевна аз инсонҳоест, ки дар он солҳои вазнин мушкилоти зиёдеро пушти сар гузоштааст. Имрӯз ӯ ҷавононро даъват менамояд, ки ростгӯ, хоксор ва босабру қаноат бошанд. Он солҳо барои ӯ солҳои вазнин ва пуримтиҳон буданд. Нинаапа ҳанӯз овони хурдсолӣ медонист, ки умри инсон кӯтоҳ аст.
Ҳамон солҳо, вақте ки аз осмон ба ҷойи борон снаряд меборид, Нина бо хоҳарбузургаш Валя ба Урал, ба хонаи бачагони шаҳраки Весим, воқеъ дар Нижний Тагил, эвакуатсия карда шуда буд. Офаридгор ғами бандаи мусибатзадаашро мехӯрад. Бо кӯмаки ходимони ҳуқуқу тартибот хоҳаронро бобою бибии дар Воронеж будаашон ҷуста ёфтанд. Ин туҳфаи ҳақиқии тақдир буд. 
– Баъди хатми мактаби ҳафтсола, ба пиронсолон ба нигоҳубини чорво ва корҳои рӯзгор кӯмак мерасондам, – гуфт Нина Федосеевна.
Ба қашшоқӣ, камию кӯтоҳиҳои зиндагӣ ва дили шикастааш эътибор намедод. Дар бештари вақт гурусна мегашт. Барояш аз дӯзахи муҳосираи Ленинград раҳо гашта, зинда мондан бахти олӣ буд.
Тошканд дар ҳамон солҳо низ ба сифати шаҳри нону меҳр ва офтоб машҳур буд. Хоҳарон пасу пеш ба ин шаҳр омада ҷойгир шуданд. Нина Федосеевна дар завод меҳнат кард. Ба шавҳар баромада, бахташро ёфт. Соҳиби чанд фарзанду набера шуд. Бино ба фикри ӯ, меҳру оқибат, некӯкориву хайрхоҳӣ ва ҳамҷиҳатие, ки дар кишвари мо ҳаст, дар ягон кишвари дунё нест.
Ҳамеша аз ҳоли Нина Мартинова барин одамон хабар гирифта, дилбардорӣ кардан дар ҷамоати шаҳрвандони Бешариқи ноҳияи Яшнобод ба ҳукми анъана даромадааст.
Нина Федосеевнаи 83-сола аз халқи дарёдил ва саховатпешаи ӯзбек як умр миннатдор аст. Роҳи тайкардаи ин модари нуронӣ барои насли имрӯз дарси ибрат аст.

Назокат УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: