РАССОМИ МУШОҲИДАКОР

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоиши намунаҳои эҷоди шахсии рассоми ҷавон Фахриддин Турдиев баргузор гардид.

Дар он беш аз 50 асари рангтасвири эҷодкор ба маъраз гузошта шуд.
Турдиев соли 1991 дар шаҳри Қаршӣ дида ба дунё кушодааст. Дар коллеҷи санъати Қаршӣ, пас дар Институти рассомии миллӣ ва дизайни ба номи Беҳзод таҳсили илм кардааст. Ӯ дар киностудияи «Ӯзбекфилм» ҳамчун ёрдамчии рассом, дертар рассоми басаҳнагузоранда ифои вазифа намудааст. «Хотираи шаҳидон», «Ман танҳоям», «Хоҳиши бузург», «Миш-миш дар маҳалла — 2», «Халилихӯрак» ва ғайра филмҳоро ба саҳна гузоштааст.
Аз намунаҳои эҷодии рассом бармеояд, ки ӯ ҳаётро хуб мушоҳида намуда, ба арзишҳои милливу умумиинсонӣ арҷ гузоштааст.
Аз экспозитсия «Интизорӣ», «Талош», «Моҳии тиллоӣ», «Сафед ва сияҳ», «Роҳи охирин», «Хаёлот», «Орзу», «Ағба», «Саҳро», «Бомдод», «Оила» ва дигар суратҳои рассом ҷой гирифтаанд.

Ҳасан АБДУНАЗАРОВ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: