АДАБИЁТИ БАДЕӢ ДОНИШ МЕАФЗОЯД

вале китобҳои тозанашр кай пурра ба дабистонҳо мерасанд?

Рӯзгоре аз камчинии на танҳо китобҳои бадеӣ, ҳатто дарсӣ дар дабистонҳо мушкилӣ мекашидем. Дастрас набудани китобҳои фаннӣ ба сифати дарсҳо таъсири манфӣ мерасонд. Дар китобхонаи мактабҳо адабиёти бадеӣ хеле кам буданд. Ин ҳол ба пастшавии завқи донишомӯзон сабаб мегардид. Хуб шуд, ки китоб дигарбора  қадру манзалат пайдо кард...
Ба туфайли барқарор гардидани робитаҳо, хоссатан дар ҷодаи фарҳангу адабиёт ва илму маориф бо кишвари ҳамсоя каму беш адабиётҳо ҳам ба дабистонҳои таълим ба забони тоҷикӣ дастрас мегарданд. Бо саъю кӯшишу ғайрати сафири фарҳангдӯсти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар дабистонҳо вохӯриҳо ташкил гардид, аз ҷониби ӯ китобҳои зиёд тақдим карда шуд.
Аз сӯйи дигар, дар нашриётҳои гуногуни ҷумҳурӣ тайи се-чаҳор соли охир  китобҳои зиёд ба нашр расиданд. Харҷи нашри ин китобҳо қисман аз ҳисоби худи муаллифон сурат гирифта бошанд, нашри қисми дигараш дар асоси лоиҳаи «Накҳати сухан», ки бо ибтикори дастандаркорони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиду  аз ҷониби Бунёди ҷамоатӣ ва буҷаи ҷумҳурӣ пардохта шуд. То ин вақт мувофиқи ин лоиҳа, ки нашри сӣ номгӯй китобро ба нақша гирифтаанд, якчандто аллакай рӯи чопро дида, ба дасти хонандагон расид. Китобҳои «Чароғи абадӣ»-и Мирзо Турсунзода, «Ман намемирам»-и Лоиқ, «Шабогард»-и Паймон, «Сукути фарёд»-и Абдулло Субҳон, ёдномаҳо дар бораи адабиётшинос Абдулғанӣ Мирзоев, «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ва монанди инҳо аз ҳамин ҷумлаанд.
Баробари ин «Куллиёт»-и Асад Гулзодаи Бухороӣ (шодравон) ва «Девон»-и ашъори Паймон ба нашр расиданд. Як идда муаллифон, ки дар гӯшаҳои мухталифи ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекунанд, муваффақ гардиданд, ки китоби нав бароранд. «Субҳи Саодат»-и Саодат Сангинова, «Бозгашт ба зиндагӣ»-и Зоҳир Ҳасанзода, «Се барги сабз»-и ҳаммуаллифон – Юнуси Имомназар, Шариф Халил ва Фаридуни Фарҳодзод, «Армуғон»-и Саодат Бекназарова ва дигарҳо ба гуфтаҳоямон  мисол шуда метавонанд.
Гуфтан мумкин аст, ки Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ дар ин роҳ рисолати худро бояду шояд ба ҷо меоварад. Маркази таълим-чӣ?
Вазорати таълими томактабӣ ва мактаб дар вазорат ва садорату шуъбаҳои худ равишомӯзонеро бевосита барои бо мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикӣ кор кардан  сафарбар бинмудааст. Оё онҳо барои саривақт дастрас шудани адабиёт, китобҳои тозанашр саъю ҳаракат доранд? На ҳамеша. Агар ҳамин китобҳои бар ивази маблағи бунёд ба нашр расида ақаллан як ё дутогӣ ба китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ рафта мерасиданд, то андозае талабу дархости мактабиён нисбат ба китоби бадеӣ ҳалли худро меёфт. Сарварони мактабҳо ҳам кош андак ташаббус зоҳир намуда, барои қадре ҳам бошад, ғанӣ гардидани хазинаи китобхонаи мактаби худ кӯшиш ба харҷ медоданд.
Маро  ду ҳоли ҳузновар  дер боз азият медиҳад. Агар яктояш пастшавии қувваи барқ ва аз беобӣ торафт хушкидану хазон шудани долу дарахтони боғҳои мардуми маҳалла бошад, дигараш муносибати хунукназаронаи мутассаддиён нисбат ба китоб, рӯзнома ва маҷалла. Боре, ба ҳамин қарибӣ ба номи роҳбари шӯъбаи таълими  томактабӣ ва мактабии ноҳияи Фориш Собир Вақосов дар ин бора муроҷиат намудам, то ки дар дастрасии китоб, маҷалла ва рӯзномаҳо ёрии амалӣ расонад. Таассуф, ки дар ҳузури ӯ ва равишомӯзон сарвари яке аз дабистонҳо беибо «ман ба ҳамаи омӯзгорон ва ходимон на ягонто китоб, на рӯзномаву маҷалла мегирӣ гуфта фармудаам, харида гирифтанро қатъиян манъ кардаам!» мегуфт. Бубинед, «тафовути роҳ аз куҷо то ба куҷост?!» Вақте ки сарвари мактаб ба ҷойи дигарон намунаи ибрат шудан, китоби нав гирифтанро манъ мекунад, дар он муассисаи таълимӣ чӣ тавр пешравӣ ба миён меояд?
Дар ин бора хабарнигори рӯзномаамон дар вилояти Навоӣ Ӯзбакбойи Раҳмон андеша ронда, иброз медорад, ки  тақдимоти баъзе аз ин китобҳоро дар мактабҳои Форишу Нурато гузарониданд. Маҳфилҳо баргузор намуда, бо кумак ва ҳиммати иддаи соҳибкорони маърифатдӯст ба мактабҳо китобҳо тӯҳфа ҳам карда шуд ва ин анъана то ҳол идома дорад. Аммо ин ҳама кам аст.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: