ШАҲОДАТ ИЛҲОМБАХШИ ҶАВОНОНИ ДАВР ГАШТА БУД

Шаҳодат фарзанди шашуми хонадони амаки Абдураҳим ва холаи Шарофат аст.

Дар он рӯзи тирамоҳон кошонаи омӯзгори варзида ва иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Абдураҳим Раҳимов, ки воқеъ дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун аст, аз қадами ин меҳмони нав аз нишот пур гашта буд. 
Шаҳодат минбаъд машъалаи нурафшоне гашт, ки аз партаваш зиндагии тоҷикони воҳаи Сурхон зиёи нав ёфт. Ёд дорам, ки ин ном ҳанӯз 35 сол муқаддам сарҳарфи маҳфилҳои аҳли дил гашта буд. Мардум аввал садои дилнишини ӯро аз радио шуниданд ва баъд симои далеронаашро аз оинаи нилгуни вилоят дидаву аз шуҷоати ин бону ба ваҷд омада, гоҳ ашки шодӣ резанд, гоҳе дуо мекарданду шукрона мегуфтанд. Вай тавониста буд, ки дар ҳаёти тоҷикони воҳа табаддулоти азими фикрию равонӣ ворид кунад. Вай кореро ба сомон расонид, ки аз дасти чандин мардони ҳузарб наомадааст. Ӯ тавонист, ки аввалин ҳарфи тоҷикиро аз радиои вилоят ба гӯши соҳибзабонон расонад.  
– Шаҳодат Раҳимова ҳарчанд чандин сол пеш ба далели расидан ба синни нафақа аз саҳнаҳои телевизион рафт, аммо барномаҳои таҳиянамудаи ӯ аз ҳаёти мардуми заҳматкаш, чеҳраҳои намоёни намояндагони ин миллат ҳанӯз дар ёдҳои аҳли назар боқӣ мондааст. Симои гармаш ва гуфтори хубу маҷзубашро бошандагони Сурхонзамин дар хотир доранд, – бо ифтихор мегӯяд Сурайё Норманова, ки ҳоло масъули ин барномаҳо мебошад, – пайкори ин бонуи нотарс илҳомбахши ҷавонони давр гашта буд.
Азбаски дар оилаи омӯзгор ба воя расидааст, ба китобу дафтар меҳри алоҳидае дошт. Аз фаъолтарин духтарони мактаб. 
– Мақолаву хабарҳо менавиштам, – аз он айёми дуру беғубор ёд оварда мегӯяд апаи Шаҳодат. – Аммо падарам мехост, ки ман духтур шавам, аҳли оила ба як пой рост истода, ӯро аз раъяш гардонданд ва ба мани шайдои сухан ва илму адабиёти порсӣ роҳро ҳамвор сохтанд.
Шаҳодат соли 1982 ба гурӯҳи рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Соли 1985 таҳсилро дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии ба номи Жданови Санкт-Петербург идома дод. Ин даргоҳи илмро бо ихтисоси журналисти радиотелевизион хатм намуд. Вай дар байни тоҷикони вилоят аввалин бонуе маҳсуб меёфт, ки бо ин тахассус дипломе ба даст оварда буд. Раиси кумитаи радиои Сурхондарё Озод Авлиёқулов зуд ба Тошканд мактубе навишта, ба бахши тоҷикии радио расман иҷозат гирифт, то ки Шаҳодат бо кор таъмин гардад. Ӯ он рӯзи таърихиро бо ҳаяҷон ба ёд меоварад:
– 1-уми сентябри соли 1988 буд. Аввалин садои тоҷикӣ аз ин бунгоҳи таблиғу ташвиқи ҳукумати вақт ба самъи шунавандагон расид. Он рӯз ман хушбахттарин фарзанди тоҷик будам. Ҳудуди панҷ дақиқа ахбори рӯзро шунавонидам! 
«Ахбор»-ро худи Шаҳодат бо лаҳни ширини тоҷикӣ ба гӯшҳои ҳанӯз одатнокардаи мардуми минтақа расонд. Радио он замонаҳо дар хонадони ҳар нафар вуҷуд дошт. Барномаҳоро бо камоли завқ дар мошинҳо низ мешуниданд. Ҳумойиддин Шарофиддинов, ки он замон чун раиси Иттифоқи касабаи вилояти Сурхондарё – аз нахустин шунавандагони «Ахбор»-и тоҷикии радиои вилоят аз он лаҳзаҳои таърихӣ ёде овардаву гуфт:
– Бо сафари хидматие ба ноҳияи Деҳнав раҳсипор будам ва дар дохили мошин ин барномаро шунида, ба ронанда амр кардам, ки мошинро боздорад. Бо гӯшҳоям шунида, бовар намекардам – радио тоҷикӣ «ҳарф мезад»! Панҷ дақиқа ахборро ба забони модариам шунида, аз шавқу ҳаяҷон ба зонуи ронанда якто зада гуфтам, ки мошинро баргардонад – ба Тирмиз бармегардем. 
Шарофиддинов ба назди раиси Кумитаи радиои вилоят Авлиёқулов даромада, ҷӯёи он журналисти тоҷик мешавад. Ин марди ғаюр аввалин раҳбари тоҷике буд, ки Шаҳодатро самимона табрик карда, барояш тавфиқ хостааст. Ин иқдоми ӯ ба бонуи суханвар боли парвоз бахшид. Журналисти ҷавону навкор рӯҳан сабзидаву минбаъд босамар кор карда, вақти барномаҳои тоҷикиро аз панҷ ба сӣ дақиқа расонид, ки ҳафтае се-чор маротиба садо медод. Он айём барномаҳои махсусе бо номи «Бонувон», «Ҳаёти деҳот», «Дабистон», «Симои ҳунар», «Тандурустӣ», «Шабоб», «Кишоварз» ва «Ахбор» таҳия мешуд, ки муаллифи онҳо Шаҳодат буд. Моҳи июни соли 1999 аввалин барномаи тоҷикии телевизиони Сурхондарё бо номи «Чашмасор» ба намоиш гузошта шуд ва ин падида дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони вилоят чун як воқеаи таърихие сабт гаштааст. «Чашмасор» ҳафтае як бор дар ҳаҷми 30 дақиқа ба эфир мерафт. Шаҳодат бахши тоҷикии радиоро ба зиммаи журналистони ҷавон, ба монанди Олим Панҷизода, Сурайё Норманова, Искандари Мирзо вогузошта, худ дар пайи обод сохтани «Чашмасор»-аш шуд. Барномаи тоҷикии телевизионро то соли 2004 аз ҳаёти тоҷикони воҳа муттасил таҳия намудаву барои шиносонидани чеҳраҳои фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ, вижагиҳои урфу одати мардуми деҳоти тоҷикнишин саҳми босазое гузошт. Баъдан тӯли чанд сол ба тарбияи фарзандон машғул шуд. Соли 2011 дар бахши реклом ва эълони Ширкати садову симо ба фаъолияти корӣ идома дод. Баъдтар «Чашмасор»-ро, ки чун фарзандонаш хеле дӯст медошт, ба сабабҳои номаълум бастанд.
– Маро дар зиндагӣ се воқеа сахт ба андӯҳ гирифтор сохт. Марги фоҷиавии бародари 39-солаам Шодӣ, ки намунаи ҷасорат ва сарбаландӣ дар зиндагиам буд, аз дунё гузаштани тифли нокомам Фирдавс ва боздошта шудани фаъолияти «Чашмасор», ки мисли як фарзандам дӯсташ медоштам! Ҳанӯз дар азои ҳамин се азизи худ хомӯш мегирям, – мегӯяд Шаҳодат ва ноаён ба чашмон об мегирад.
Ӯ кунун журналисти нафақахӯр аст ва  аз он дамҳои рангинкамонӣ ёд оварда, вуҷудаш аз ифтихор пур мегардад.
Шаҳодат ба ҷуз чанд ташаккурнома ҷоизаи дигаре надорад . Мегӯяд, ки беҳтарин мукофот барояш эҳтиром ва боварии ҳаммиллатон буд, ки сазовор шудааст.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: