БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ ХУД ИДОМА МЕДИҲАД

Ин матлаб дар нишасти матбуотие мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки зимни сафари матбуотии як гурӯҳ журналистони расонаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва блогерҳо дар шаҳри Самарқанд ба вуқӯъ пайваст.

Гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ барои омӯзишу парвариши кӯдакони муассисаҳои таълими томактабӣ лоиҳаеро таҳти баррасӣ қарор додааст, ки маблағи умумии он 69 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад.  

Сафари матбуотӣ аз кӯдакистони давлатии рақами 72-юми шаҳр шурӯъ шуд, ки мудири он собиқ корманди умури дохила Алишер Каримов мебошад. Дар он наздик 400 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
– Агентии таълими томактабии Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ бо кумакҳои молии Бонки ҷаҳонӣ тарҳи тавсеъаи таълими томактабиро дар саросари муассисаҳои таҳти тасарруфи худ мавриди иҷро қарор додааст, – гуфт дар нишасти матбуотӣ директори лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ Оятулло Раҳматуллоев.
– Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ сармоягузории таълими босифати томактабӣ омодагии кӯдакон ба таҳсил дар мактаби таълимоти умумӣ, мутобиқшавии иҷтимоии онҳо, ташаккули донишҳои зарурӣ ва малакаҳои гуногуни онҳоро аз тариқи ин муассисаҳо таъмин менамояд. Бо ин ҳадафҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузург амалӣ мегарданд, – изҳор намуд сухангӯи Агентии таълими томактабӣ Мавлуда Аскархӯҷаева.
Гуфта мешавад, ки Бонки ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаҳое, ки бевосита сармоягузори асосии он маҳсуб меёбад, ба Агентии таълими томактабии ҷумҳурӣ имкон фароҳам овардааст, фаъолияти 100 муассисаи таълими томактабӣ ҷиддан санҷида шавад. Ногуфта намонад, ки давраи татбиқи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ панҷ солро дар бар мегирад.  
– Ин нақша аз панҷ ҷузъ иборат аст. Аз ҷумла, беҳбуди сифати таълими томактабӣ, дастрасии бештар ба муҳити босифати таълим дар давраи кӯдакӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ тавассути механизми «коғазҳои қиматноки иҷтимоӣ», ташкили низоми андозакунии сифати таълим ва дастгирии идоракунии лоиҳа аз ҳамин шуморанд,– гуфт Аскархӯҷаева.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Марко Мантонавели, коршиноси ветнамӣ Хироши Саеки фикру ақидаҳои худро дар робита ба татбиқи лоиҳа ва беҳбуди кори соҳаи таълими томактабии Ӯзбекистон иброз намуданд. Онҳо бештар аз 70 дарсад ҷалби кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар Ӯзбекистонро беҳтарин дастовард арзёбӣ намуда, таҷрибаи кишвари моро дар ин самт барои кишварҳои дигар хеле муҳим хонданд.
Журналистону блогерҳо  ба «Маркази рушди барвақтӣ» ташриф оварданд, ки дар назди коллеҷи омӯзгории Тайлоқ ифтитоҳ шудааст. Он дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Беҳтар намудани ривоҷёбии барвақтии кӯдакон» бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, ки  дар рушди истеъдоди кӯдакон ва тавсеаи имкониятҳои онҳо нақши муассир мебозад. Дар марказ ба 846 нафар тарбиятгирандагон 36 нафар педагогҳо таълиму тарбия медиҳанд.  
Маълум шуд, ки дар ноҳияи Тайлоқ 50 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо мавҷуд буда, кӯдакони 41-тои он ба муассисаҳои таълими томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дурдасттарини ин маҳаллаҳо аз марказ дар масофаи 45-50 километр воқеъ гаштааст. Дар асоси лоиҳаи мазкур ба модарони танҳо, оилаҳои ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ ва фарзандони оилаҳои дорои имкониятҳояшон маҳдуд аз ҷиҳати иҷтимоӣ кӯмак расонида, инчунин ба онҳо дастгирии равониву иҷтимоӣ сурат мегирифтааст.
– Мо аз ин раванд хеле шоду хурсанд ҳастем. Чунки бар асоси ин лоиҳа одамони имконияташон маҳдуд дар ҷомеа мавқеъи худро пайдо мекунанд, барои кӯдакони аз назарҳо дур ҷиҳати инкишофёбии онҳо  шароит фароҳам оварда мешавад. Писарчаи ман аллакай талафффузи калимаҳо, ҳарф задан аз ёд кардани шеърҳоро машқ  мекунад, – мегӯяд бо хурсандӣ сокини маҳаллаи Хончорбоғи ноҳия Дилафрӯз Раҳмонова. 
Дар идомаи сафари матбуотӣ журналистону блогерҳо бевосита аз чанд муассисаи таълими томактабии деҳоти ноҳияи Тайлоқ дидан карда, бо фаъолияти он, шароити таълиму тарбияи кӯдакон аз наздик ошно шуданд. 
 Боиси зикр аст, ки дар вилояти Самарқанд 750 муассисаи таълими томактабӣ фаъолият менамоянд. Бо истифода аз маблағҳое, ки лоиҳаҳои Бонки Ҷаҳонӣ ихтисос додааст, 27 кӯдакистон тармим гардида, 11-тои дигар мавриди реконструксия қарор гирифта, панҷ кӯдакистони навро сохта ба ихтиёри кӯдакони синни то 6-сола супурдаанд.
Рӯзи дуюми сафари матбуотӣ бо суҳбату мулоқотҳо дар Садорати таълими томактабии вилоят, боздиди якчанд кӯдакистони давлатӣ, давлативу шарикӣ, хусусӣ ва оилавии шаҳр ва амсоли он ба охир расид.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – САМАРҚАНД – ТОШКАНД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: