САРБОЗИ ШУҶОЪ ДАР АРСАИ ЭҶОД

Дар нимаи дувуми солҳои шастум як зумра ҷавонони хушқалам ба майдони эҷод қадам ниҳода ва бо намунаҳои назмию насрӣ як гӯшаи адабиёти тоҷикро обод намуданд.

Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулназар ва Гулрухсор барин ҷавонони давр бо шеърияти баланд, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Муҳиддин Хоҷаев, Сорбон барин нависандагон бо аввалин ҳикояву қиссаҳои ҷолиби диққат дар адабиётамон садои ба худ хос доштанашонро ба исбот расонданд. Нависанда Абдулҳамид Самадов ба номбаршудагон қариб дар як давр по  ба майдони адабиёт гузошт – баъди хатми факултаи филологии Донишкадаи омӯзгорӣ дар яке аз нашрияҳои бонуфузи давр чун рӯзноманигор фаъолият оғоз намуд, бо муҳити адабии пойтахти тоҷикон аз як ҳаво нафас кашид, вале хеле вақт барои дар матбуоти даврӣ эълон намудани чакидаҳои қаламӣ шитоб нанамуд. Аввалин маҷмӯаи ҳикоёташ “Шохи чанор” танҳо дар соли 1981 ба табъ расид, ки он вақт ҳамсинн ва ҳамқаламҳояш, ки номашон зикр гардид, аллакай соҳиби чанд китоб ва қисме соҳиби мукофотҳои гуногуни адабӣ шуда буданд.
Якумин қиссаи адиб соли 1979 дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бо унвони “Баъд аз сари падар” ба табъ расида бошад,  доманаи фаъолияташ аз ибтидои солҳои ҳаштод ба дараҷаи ҳисшаванда густариш ёфт. Қиссаи зикршуда, ки эътибори дӯстдорони насри муосирро ба худ кашид ва нақди адабӣ низ асари хонданӣ будани онро эътироф сохт, соли 1982 дар шакли китоб ба дасти хонанда расид. Тавре ба мушоҳида мерасад, давраи бобарори эҷодӣ буд солҳои ҳаштодум барои Абдулҳамид Самад ва вай чун адиби пурмаҳсул эътироф шуду ба ҳамсиннҳои маълуму машҳураш, ки бори эҷод ба дӯш доштанд, “расид”.     
“Акаи ошиқ” ном китоби нависанда дар ибтидои солҳои навадум дасту дили дӯстдорони жанри ҳикояро гарм намуд. “Шаҳдрези садо” (1997), айни замон, чун маҷмӯае, ки беҳтарин намунаҳои насри тоҷикро фаро гирифт. Якчанд қиссаи адиб бо ҳуруфи арабиасос бо унвони “Баъд аз сари падар” (1999) дар Теҳрон аз чоп баромад.
Абдулҳамид Самад дар ибтидои қарни нав ба нумӯи тозаи боғи адабиёти мо бо маҳсули адабии тозааш, ки бо “Талош” (2002) ва  “Гардиши девбод” (2007) ном китобҳои наваш ворид шудаанд, саҳм гирифт.  
Вай баробари калонсолҳо барои хурдсолон асарҳо менависад. Ҳикояҳои хурд-хурдаш маъниҳои амиқи ҳаётиро фаро гирифта, ба табиати кӯдак созгоранд. Адиби солор бо хурдсолон ва хонандагони синни мактабӣ забон меёбад, аз асрори ҷаҳони беғубори бачагӣ воқиф аст, рангҳои ба худ хоси дунёи наврасӣ дар тасвирҳои устодонаи ӯ, ки резакориро меписандад, ҷилои дигар доранд. Чун як чизи бағоят зебои бачагӣ хонандагони синни мактабиро ба худ кашида, бо сужети шавқовару банду басти қобили таваҷҷуҳ ва мазмунҳои тоза ба онҳо завқ мебахшанд. “Ман ошнои ту, ту ошнои ман” ва “Гиряи хирс” ном маҷмуаҳои адиб барои хонандагони синни мактабӣ – китоби хуби рӯимизӣ.
Абдулҳамид Самад дар шеърофарӣ низ истеъдоди хуб дорад. Сарводаҳои  дар рӯзномаву маҷаллаҳои адабӣ эълоншудаи ӯ эътибори ҳаводорони шеъри ноби форсӣ-тоҷикиро ба худ кашиданд. Вале вай асосан бо наср сарукор дошта, баробари ҳикояву повест дар жанри калони эпикӣ – роман, айни ҳол, таъб озмуд ва то андозае муваффақ гашт. Китобҳои якум ва дуюми романи “Гардиши девбод” баҳои сазовор гирифт. Адиб алъон дар болои китоби савуми ин роман кор мебарад. 
Андешаҳо ва портретҳои адабии А. Самад бахшида ба фаъолияти устодони назму насри муосир низ ҷолиби диққат мебошанд. Вай паҳлу ва шохаҳои эҷодии бузургмардони олами адабу хирад  Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Мухтор Авезов,Чингиз Айтматов ва дигаронро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Сафарномаҳо низ навишт, ки ҳосили сайру сафарҳои ӯ аз кишварҳои дуру наздик мебошанд ва дар китобаш “Санги маҳак ва тарозуи ҳунар” (2012) гирд омадаанд. Масъалаҳои умдаи ахлоқу иҷтимоъ низ дар офаридаҳои вай то андозае мавриди тадқиқ қарор гирифтаанд. Оид ба роҳу паҳлуҳои эҷодии ҳамқаламонаш  Лоиқ, Саттор Турсун, Сайф Раҳим, Ҷӯра Бақозода, Асадулло Саъдуллоев, ки низ симоҳои намоёни адабианд, ёдномаву эссеҳое дорад басо хотирнишин.
Нақди адабӣ маҳорати хуби нигорандагии А. Самадро эътироф сохта, роҳи ӯ ба қалб ва сар фурӯбариаш ба ботини инсонро баланд арзёбӣ кардааст. Забони асарҳои ӯ равон, тарзи баёнаш – ширадор. Аз воситаву санъатҳои бадеӣ ва дурдонаҳои адабиёти даҳонӣ заргарона истифода намудааст.
Як қатор асарҳояш бо забонҳои гуногуни дунё тарҷумаву нашр шудаанд. Хусусан, маҷмуаи ҳикоя ва қиссаҳояш, ки бо номҳои “Орзуи ҷавонӣ” ва “Аспи бобом” аз ҷониби нашриёти “Советский писател” ба чоп расид, ҳаводорони зиёд пайдо кард.
“Ёр дар бари ёр”, ки нашриёти “Адиб” ба табъ расонд, тозатарин ҳикоя, қисса ва эссеҳои адиби барӯманди тоҷикро дар бар гирифтааст.
А. Самад баробари таълифи осори насрӣ ба тарҷумаи бадеӣ машғул аст. Аз эҷоди Антон Чехов, Азиз Несин, Нодар Думбадзе, Ева Лисина ва ғайраҳо, ки  намояндагони адабиёти ҷаҳонанд, намунаҳо ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Адиби сермаҳсул шогирдони зиёд тарбият кардааст,ки иддае аз онҳо дар пайроҳаҳои адабиёт алъон қадамҳои ҷиддӣ мегузоранд. Вай аснои фаъолият дар шуъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” ба бисёр қаламкашони ҷавон, ки шохаи насри муосири моро пурбор сохтанианд, хайрхоҳона кӯмак кардааст, чун муовини сармуҳаррири  ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” низ онҳоро ҳамеша дастгирӣ сохта ва маслиҳатҳои беғараз дареғ надоштааст.
Дар кадом вазифае кор накунад, меҳр аз адибони ҷавон дареғ надошт, навниҳолони адабиётро чун боғбони асил парвариш сохт. 
Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, Ҷоизадори сарвати зеҳнӣ (Женева, 2011), зодаи деҳаи Шикоргоҳи ноҳияи Ховалинг Абдулҳамид Самад ба зинаи ҳафтодупанҷуми умр қадам ниҳод, вале дили ҷавону иродаи қавӣ, ки дорад, дар арсаи адабиёт ва эҷод худро ҳануз “сарбози шуҷоъ” ҳис мекунад. 

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: