Air Products ба лоиҳаҳои баландтехнологӣ дар Ӯзбекистон 10 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад

  • Air Products ба лоиҳаҳои баландтехнологӣ дар Ӯзбекистон 10 миллиард доллар сармоягузорӣ мекунад

Нуқтаи навбатии барномаи корчаллонии сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Ню-Йорк мулоқот бо раиси раёсат, президент ва сардиректори иҷроияи ширкати Air Products Сейфӣ Ғасемӣ гардид.

Дар ин мулоқот муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои энергетика Ҷеффри Пайетт низ ширкат дошт.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии стратегӣ бо ширкати бонуфузи амрикоӣ, рафти татбиқи лоиҳаҳои ҷорӣ ва нақшаҳои мушаххас барои оянда баррасӣ шуданд.

Дар айни ҳол Air Products дар кишвари мо оид ба азнавкоркарди газҳои саноатӣ дар Uzbekistan GTL, истеҳсоли гази синтез, кислород ва азот, истеҳсоли гази табии оксиди карбон дар базаи «Навоиазот» лоиҳаҳо татбиқ менамояд.

Тайи ду соли охир барои рушди ин лоиҳаҳо сармояи мустақими ширкат ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ҷалб шудааст. Дар рафти суҳбат лоиҳаҳои пешомадноки газификатсияи ангишт, истеҳсоли газҳои техникӣ, водороду аммоний, инчунин ба кор андохтани газҳои кислота муҳокима шуданд.

Коршиносони ширкати Air Products инчунин дар таҳияи заминаи зарурии меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи декарбонизатсия ширкат хоҳанд кард.

Илова бар ин, ба портфели лоиҳаҳо ҷорӣ намудани коркардҳои инноватсионӣ дар саноати хӯрокворӣ дохил мешаванд.

Дар анҷоми мулоқот оид ба татбиқи  барномаи сармоягузории ширкати Air Products дар Ӯзбекистон ба маблағи беш аз 10 миллион доллар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Барои саҳмаш дар густариши ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистону Амрико ва ва дастгирӣ кардани ислоҳоти бебозгашт дар мамлакати мо

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шахсан ба раиси раёсати Air Products Сейфӣ Гасемӣ мукофоти олии давлатӣ — ордени «Дустлик»-ро супурд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: