Раҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон масъалаҳои кунунии рӯзномаи шарикии стратегии дуҷонибаро баррасӣ карданд

  • Раҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон масъалаҳои кунунии рӯзномаи шарикии стратегии дуҷонибаро баррасӣ карданд

Дар чаҳорчӯби барномаи чорабиниҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳайати вакилони Ҷумҳурии Исломии Покистон бо сардории Сарвазир Анвар ул-Ҳақ Какар гуфтушунид кард.

Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

Алоқаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд. Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ ва кашондани бор меафзояд — ин рақамҳо аз аввали сол 40 фоиз афзуд. Лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нассоҷӣ, кимиё, дорусозӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ мешаванд. 20 корхонаи муштарак ташкил карда шудааст.

Муҳимияти ҳарчи зудтар қабул шудани Барномаи кооператсияи саноатӣ барои солҳои 2024-2025, рафъи монеаҳои тиҷоратӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди робитаҳои соҳибкорӣ таъкид шуд.

Ба татбики амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани трансафғонӣ диққати махсус дода шуд.

Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: