Тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия

Президент Шавкат Мирзиёев ба Президенти Русия Владимир Путин дар робита ба ҳодисаҳои фоҷиабор дар толори консертии «Крокус Сити Холл» дар вилояти Маскав, ки боиси маргу захмӣ шудани даҳҳо одамони бегуноҳ гардид, тасллияти амиқ ирсол кард.

Дар нома гуфта мешавад, ки Ӯзбекистон ин амали террористӣ алайҳи мардуми осоиштаро шадидан маҳкум мекунад ва изҳори итминон менамояд, ки созмондиҳандагон ва иҷрокунандагони ин ҷиноят ҷазои ногузир хоҳанд гирифт.

Сарвари давлатамон ба наздикони ҳалокшудагон сабри ҷамил, ба ҳамаи осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёфтанро таманно намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: