ПОЙГОҲИ ИЛМИИ МОҲИПАРВАРӢ

  • ПОЙГОҲИ ИЛМИИ МОҲИПАРВАРӢ
  • ПОЙГОҲИ ИЛМИИ МОҲИПАРВАРӢ

ДАР ВИЛОЯТИ ТОШКАНД ИНСТИТУТИ ТАДҚИҚОТИИ МОҲИПАРВАРӢ КУШОДА ШУД

Бинобар масъала ва мавзӯи муҳим гардидани барномаи озуқаворӣ ва вобаста ба он андеша ва татбиқи бехатарии хӯрду хӯроки беш аз 7 млрд. аҳолии сайёра ҳоло аз ҳарвақта аҳамияти бештар касб менамояд.
Ташкилотҳои ҷаҳонӣ, хусусан Созмони Милали Муттаҳид дар он роҳ усулу чораҳои гуногун меандешад ва пиёда менамояд, то ки дар ин бобат саҳм дошта бошад. Аз ҷумла соли ҷориро Соли байналхалқии моҳипарварӣ ва хоҷагии обҳои хурд эълон намудааст ва дар ноҳияи Янгийӯли вилояти Тошканд ба роҳ андохтани кори Институти илмӣ-тадқиқотии моҳипарварии Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии ҷумҳурӣ дар доираи чунин ном дода шудани сол рӯйи кор омадааст.
Лоиҳаи мазкур дар доираи ташаббус ва ҳамкории Туркия бо Ташкилоти озуқаворӣ ва хоҷагии қишлоқи СММ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону Туркия ба амал бояд ҷорӣ гардад. Ҷиҳати дигари он ҷолиб аст, ки дар якҷоягии барномаи давлативу хусусӣ анҷом дода мешавад.
Дар ин бобат қарори Президенти Ӯзбекистон низ «Дар бораи чорабиниҳои иловагии боз ҳам инкишоф додани соҳаи моҳипарварӣ» вуҷуд дорад ва он ҳам барои рушду равнақи соҳа дар мамлакат, инчунин бо истифода аз технологияи интенсив инкишоф додани он заминаи расмӣ ба вуҷуд меорад.
Ҳамчунин, қарору ҳуҷ-ҷатҳои чӣ дохиливу чӣ ҷаҳонӣ барои равшан намудани масъала, барои ҷамъият тавзеҳ додани моҳияти он имзо гаштаанд. Дар айни ҳол мамлакатҳое, ки ба обҳои калон ва кӯлу баҳрҳои дохилӣ, дарёҳои бузург дастрасӣ надоранд, водор мегарданд, ки моҳипарвариро дар ҳавзу кӯлҳои сунъӣ ташкил намудаву соҳаро инкишоф диҳанд, то ки қисме аз барномаи озуқавории худро ҳал намоянд. Мамлакатамон аз ҷумлаи чунин воҳидҳои байналхалқӣ мебошад ва барои ривоҷи саноати моҳипарварӣ институти номбурдаро ташкил намудааст ва бинобар суханони мутахассисон дар шароити имрӯза бе заминаи илмӣ ва корбурди дастовардҳои он ба даст овардани ҳосил ва натиҷаҳои дилхоҳ ғайриимкон аст.
– Вақтҳои охир дар баробари тараққӣ ёфтани соҳа бемориҳои моҳӣ низ зиёд мегардад, – мегӯяд профессори Донишгоҳи давлатии аграрии Тошканд Абдулаҳмад Кузметов. – Яке аз омилҳои ин беҳад ифлос гардидани ҳавзаҳои оби моҳипарварӣ мебошад, ки дар чунин шароити муҳити парвариш эҳтимоли бемор гардидани моҳӣ ба маротиб меафзояд. Дигар сабаби бемориҳо кам будани теъдоди, ба қавле, падару модарони моҳиҳо, ки ба ин иллат афзоиши моҳиҳо фақат дар доираи як идда моҳиҳои «зоянда» сурат мегирад, ҳол он ки онҳо то чӣ андоза сершумор ва аз лиҳози «хунӣ» гуногуну бегона бошанд, камтар ба беморӣ дучор мегарданд. Боз як ҳимояи моҳӣ аз амрози мухталиф – бештар «табиӣ» гардондани атроф ва ғизои он мебошад. Агар моҳӣ то чӣ андоза бо муҳити табиӣ фаро гирифта шавад, он худро то ҳамон дараҷа роҳат ва дар фазои худ эҳсос менамояд, чунки ин ҳам мисли дигар ҳамҷинсони худ зодаи табиат аст ва ҳарчи ба он қаринтар бошад, ҳамон қадар солим ва бардам парвариш мегардад.
Дар ин ҷо, ки қаблан ҳам идора ва маъмурияти доир ба моҳипарварӣ ҷой гирифта будааст, ҳоло пас аз таъмиру ҷобаҷо намудани дастгоҳҳо ва василаҳои ногузири соҳа, лабораторияҳои омӯзишии моҳипарварӣ ташкил гаштааст, ки кори институтро бо тадқиқоту омӯзиш пурратар намояд ва дар навбати худ барои пешрафти соҳа аз лиҳози илмӣ саҳм гузошта шавад.
Дар он рӯз, ки дари ин институт тантанавор кушода шуд, семинаре дар мавзӯи моҳипарварӣ низ баргузор гардид, ки ба он аз Русияву Беларус ва намояндагии СММ низ мутахассисон ва дастандаркорон аз идораву донишгоҳҳо даъват шуда буданд. Ба ғайр аз ин аз ҳар минтақаи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи занон ходиму кормандоне ҳозир шудаанд, ки дар маҳалҳои худ ба соҳа даст задаанд.
Муовини раиси иттиҳодияи «Ӯзбекбалиқсаноат» Шуҳрат Раҳматов мегӯяд, ки вақтҳои охир шӯрии ҳавзаҳои обии ҷаҳон хеле бо суръати баланд меафзояд. Дар натиҷаи сохтмону ташкил намудани ҳавзаҳои сунъии моҳипарварӣ, шӯриро ба 20 фоиз кам кардан мумкин мегардад, яъне ҳамин миқдор моҳии истеъмолӣ дар ҳавзаҳои дохилӣ, яъне сунъӣ ҷой дода мешаванд.
Шунидани он ҷолиб буд, ки алҳол дар ҷаҳон 70 млн. нафар бо кори соҳаи моҳипарварӣ машғул аст ва нақшаи то 100 млн. нафар расондан дар пеш гузошта шудааст. Пас моҳиву моҳидориву моҳипарварӣ сирф масъалаи озуқаворӣ нест, он барномаи бо кор таъмин намудани одамонро низ дорад.
Азбаски дар мамлакат ва ҷаҳон чунин вазифаву қарорҳо гузошта мешаванд, он рӯз дер нест, ки меъёри истеъмоли солонаи моҳӣ, ки ба ҳар сари кас 12 кило муқаррар гаштааст, таъмин гардад.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгирон:
 Р.ГАЛЕЕВ, 
Т.ХОВАРӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: