Чорабиниҳои маънавию маърифатии «Ӯзбекистони нав — ҷаҳонбинии нав», ки дар саросари мамлакатамон ташкил мешаванд, дар маҳаллаҳои Самарқанд низ баргузор гардид.

Дар тадбири бо аҳли маҳаллаи «Боғимайдон»-и шаҳри Самарқанд гузаронидашуда намояндагони давлативу ҷамоатӣ, шоиру нависандагон, ходимони санъат ва маданият иштирок намуданд.

Ба чорабинии мазкур намоиши муваффақиятҳои ҷавонони маҳалла, намунаи эҷоди онҳо, баромади варзишгарони ҷавон, иҷрои суруду шеърхониҳо шукӯҳи идона бахшид.
– Мардум дар даври пандемия дар хона нишаста, зиқ шуда буданд. Ин чорабинии тарғиботӣ онҳоро болидахотир намуда, аз ислоҳоти кишвар  хулосаи дуруст бароварда бо фаъолияти худ ба равнақи Ватан ҳиссаи муносиб хоҳанд гузошт, – мегӯяд раиси маҳалла Тошпӯлат Раҳматуллоев.
Суратгир: А.ИСРОИЛОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: