АДИБЕ, КИ НА БА ҲАМАИ МО ШИНОС

Соли 1974 мо — мактабиён вақти холӣ ёфта, ба китобхонаи таълимгоҳ даромада меистодем.

Рӯзе гувоҳи он  шудем, ки рӯйи мизи китобхонаро китобҳои нав оро медиҳанд. Дар байни онҳо як шумораи тозаи маҷаллаи «Садои  Шарқ»  ба назар мерасид. Ман аз мудири китобхона дархост намудам, ки онро ба ман барои хондан диҳад. Китобдор  рад кард:
— Не, ин журнал якто, барои бурдан намедиҳем. Дар ҳамин ҷо хондан гиред.  
Маҷалларо вақте кунҷковона варақ мезадам, дидам, ки дар  саҳифаҳои охиртараш   ба китоби Ҳабибулло Имоддинов – «Як даста гули садбарг» тақриз нашр шудааст.   Мо – бачагон нашиносем ҳам, номи Имоддин Махдумро бисёр шунида будем. Ному насаби  муаллифи  китоб аз ин боис ба назар шиносу наздик намуд. Вақте аз падарам пурсидам, ки оё дар деҳаамон  Ҳабибулло Имоддинов ном шахс ҳаст, ӯ ҷавоб дод: 
— Бале, талабаи мактаби мо буд, ман ба ӯ дарс додаам. Ҳабибулло–писари Имоддин Махдум. Чанд сол аст, ки дар Душанбе умр ба сар мебарад.
Равшаниандозӣ ба масъала ба ман фахру ғурур бахшид, ки баъди адибони  маҳбуби тоҷик  С. Улуғзодаю М. Наҷмиддинов Ҳабибулло Имоддинов сеюмин нависандаест аз деҳаи мо.   
Ҳабибулло Имоддинов – Ҳабиб Имодӣ 5 октябри соли 1937 дар деҳаи бостонии Варзики  ноҳияи Чусти вилояти Намангон дар оилаи деҳқон дида ба дунё кушодааст. Вай баъди хатми мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба шаҳри Душанбе рафта, дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият»-и имрӯза)   чун мусаҳҳеҳ ба кор мепардозад. Хабарнигориро аз Басир Расо, ки он замон сармусаҳҳеҳ буд, меомӯзад. Пас аз як соли кор дар рӯзнома ба Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон дохил  шуда, онро соли 1967 хатм мекунад. Дар рафти таҳсил  дар сафи артиш қарзи ҷавонмардиашро адо карда, ба  зодгоҳаш  баргашта, хонадор мешавад.
Баъди хатми донишгоҳ бори муҳарририи нашриёти «Маориф»-ро ба дӯш мегирад.  Муддате дар идораи рӯзномаҳо, солҳои зиёд дар Кумитаи радио ва телевизиони  Тоҷикистон меҳнат мекунад. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳои ӯ «Як даста гули садбарг» дар нашриёти «Ирфон» ба табъ мерасад. Маҷмӯаи «Ҷасорат» қиссаву ҳикояҳои  муаллифро дар бар мегирад. Маҷмӯаи  «Димоғаи сабз» низ китоби ҳикояҳои ӯст.
Ҳабиб Имодӣ солҳои ҳаштодуми асри гузашта ду сол дар Афғонистон тарҷумон буд.  
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон китоби қиссаву ҳикояҳои нависанда бо номи «Бачаи каждум» рӯйи чопро дид.
Адиб тарҷумони моҳир низ буд. Тарҷумаи асари адиби рус Константин Паустовский – «Қиссаи шимол», романҳои нависандаи Фаронса Александр Дюма – «Дарси  шамшербозӣ» ва «Лолаи сиёҳ» ба қалами ӯ тааллуқ дорад.  
Чанде қабл  Ҳабиб Имодӣ бо фарзандони барӯманди худ Фирӯзу Эраҷ меҳмони  варзикиён буд. Мо бо онҳо вохӯрдем. Устод бардам ва хушҳолу хушчақчақ ба назар намуд. Аз зарофатҳояш баҳра бурдем. Имсол нависанда по ба зинаи 85-уми умр ниҳод. Ба ин муносибат устодро табрику муборакбод менамоем. Қаламашон ҳамеша сабз бошад.   

Ш. МИРЗОЕВ.
Вилояти  НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: