«МУЛКИ АҶДОДӢ»

Вақте китоби тозанашри шоираи ширинкалом Ӯғилой Ҷӯрабоева (Дилошӯб) «Садои ошно»-ро варақ мезанем, ин мисраъҳоро хонда, садоқат ба ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ, меҳри зодгоҳ бори дигар дар диламон ҷӯш мезанад ва шукронаи диёри тинҷу осуда ва зебою фаровон мекунем.

Ӯзбекистон мулки 
аҷдодии ман,
Манбаи хушбахтию
 шодии ман.
Эй диёри номдор андар 
ҷаҳон,
Дӯст медорам туро 
аз мағзи ҷон.
Ҳам падар, ҳам модари 
зорам туӣ,
Қуввати дил, ёвару ёрам 
туӣ...
Вақте китоби тозанашри шоираи ширинкалом Ӯғилой Ҷӯрабоева (Дилошӯб) «Садои ошно»-ро варақ мезанем, ин мисраъҳоро хонда, садоқат ба ватан, пос  доштани арзишҳои миллӣ, меҳри зодгоҳ бори дигар дар диламон ҷӯш мезанад ва шукронаи диёри тинҷу осуда ва зебою фаровон мекунем.
Хонанда Ӯғилой Ҷӯрабоеваро тавассути маҷмӯаи шеърҳояш «Рози дил», «Харгӯшаки гурезпо», хабару мақолаҳояш дар саҳифаи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар» хуб мешиносад. Соли 2019 «Анор» ном асари Абдулло Қаҳҳорро иборат аз як қисса ва ҳикояҳо аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардааст. 
Аз шеърҳои Дилошӯб бӯйи Ватан, зодгоҳ, манзили бобоӣ, меҳри падар, дастони пурнавозиши модар, бачагии беғубор меояд. Дарди халқ, дарди ҳамдеҳагону бародару хоҳаронашро дарди худ медонад. Дар шеъри «Ҷудо макун» менависад:
Маро макун ҷудо зи ман,
Сарам ҷудо макун
 зи тан.
Ки нисфи ман дар 
он диёр,
Ва дигаре дар ин Ватан.
Замин яке, замон яке,
Раҳи бародарон яке,
Чу гӯшт, ҳамчу нохунем,
Ватан яке, забон яке...
Дар шеъри «Шукрона» шукронаи осмони софу беғубор, шукронаи шабҳои ором гуфта, ба Истиқлолият, ба Ӯзбекистон – маркази сулҳу сафо чашми бад нарасад мегӯяд:
Шукри беҳад осмони
 софро,
Зиндагии тозаи атрофро.
Шукр бар ҳар як шаби 
ороми мо,
Рӯзҳову файзбахшо 
шоми мо.
Зиндагии пурсамар 
дорем мо,
Роҳи бехавфу хатар 
дорем мо.
Ин ҳама аз файзи 
Истиқлоли мо,
Шодии мо, бахти мо, 
иқболи мо...
Роҳи зиндагӣ ноҳамвор аст, пастиву баландиҳо дорад. Дар ин роҳи зиндагӣ инсон бояд сабурона қадам занад. Роҳи зиндагии апаи Ӯғилой низ аз ин нокомиҳо орӣ нест. Ба дарди ҷудоӣ аз фарзандон ва дӯстон гӯё қалам таскинаш бахшидааст, гиряҳояш шеър шудаанд:
Маро дар кӯраи оташ 
чаро партофтӣ, рафтӣ?
Зи пазмонӣ ба сӯйи 
додарат биштофтӣ, 
рафтӣ.
Ту бо ёру рафиқон 
ҳамдаму пайванди ҷон 
будӣ,
Зи кулли ошноён пас чаро 
рӯ тофтӣ, рафтӣ?
.... Накарда раҳм бар фарзандҳову модари пират,
Даруни хоки сарде 
роҳатеро ёфтӣ, рафтӣ...
 Синни Ӯғилой Ҷӯрабоева аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, бо ҷӯшу хурӯш посдори забону миллат, фарҳанг, урфу одат, оила, фарзандону набераҳо мебошад ва инро ба дигарон низ талқин менамояд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».      
     

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: