ИҚРОРНОМАИ ДИН ЛИЖЭН

Чанде пеш чемпиони 17-уми ҷаҳон оид ба шоҳмот Дин Лижэн дар мусоҳиба бо нашрияи бонуфузи Хитой Hew Ln shess Дирк Яну иқрор шуд, ки дар тайёрӣ ва ҳангоми бозӣ бо даъвогар аз Русия Ян Непомняший аз хизмату маслиҳатҳои муфиду фоидабахши гроссмейстер Ҷаҳонгир Воҳидов, ки ҳамчун аъзои дастаи яккачини Ӯзбекистон чемпиони олимпиада дар Ҳиндустон буд, истифода бурдааст.

– Дар шаҳри Ветанзе мусобиқаи байналхалқӣ баргузор шуд ва ман дар он ҷо бо варзишгари самарқандӣ Ҷаҳонгир Воҳидов аз наздик шинос шуда, таклиф кардам, ки ба ман мураббӣ (секундант) шавад, – иброз дошт Дин Лижэн, – баъди аҳду паймон шартномаи ҳамкорӣ бастем. Лекин «сирри мардон пӯшида беҳ» гуфта ин навидро ба ҳеҷ кас ошкор накардем. Зеро қоида ҳамин хел аст. Хизмати шоистаи ӯ низ будааст, ки камина пирӯз шуда, номи чемпиони ҷаҳонро гирифтам.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷаҳонгир қабл аз он, ки хондан ва навиштанро ёд гирад, рӯйи тахта  мӯҳра ронданро омӯхта, солҳои мактабхонӣ дар чанд мусобиқаи вилоятӣ ва ҷумҳурӣ пирӯзиро ба даст овард. Вай се карат чемпиони Ӯзбекистон ва мусобиқаҳои байналхалқӣ аст.
Устодаш – падари бузургвораш, гроссмейстер Тоҳир Воҳидов мебошад. 
– То шахсан худи Дин Лижэн иқрор нашуд, ҳеҷ кас надонист, ки Ҷаҳонгир мураббии ӯ аст, – гуфт Тоҳир Воҳидов, –  писарам ба чемпиони ҷаҳон доир ба бозии тезамал ба Нодирбек Абдусатторов низ мураббӣ буд. Ҳоло ҳам чанд нафар шогирдони умедбахш дошта, бо онҳо пайваста машқ мекунад. 
Соли 2026 дар Самарқанд бозиҳои байналхалқии олимпии 46-уми шоҳмот баргузор хоҳад шуд ва писарам бо дастаи яккачини Ӯзбекистон тайёрӣ дида истодааст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: