ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ БО ҶАВОНОН БУНЁД ХОҲАД ШУД

Конфронсҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳо ва чорабиниҳои дигар

Конфронсҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳо ва чорабиниҳои дигар
Ба шарофати ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, алҳол кишвари мо симои Ӯзбекистони навро гирифт. Тавре ки Президент изҳор дошт, Ӯзбекистони нав якҷо бо ҷавонон бунёд хоҳад шуд.
Он чиз боиси зикр аст, ки барои рушди ҳарчи бештари соҳибкории хурд ҳамчун омили муҳимтарини баланд бардоштани даромади аҳолӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо шуғл, бахусус ҷавонони бекор, ташаккул додани синфи миёнаи тиҷорати хурд ва соҳибкории хусусӣ, пешрафти устувори иқтисодиёти мамлакат, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ кафолатҳои муътамади ҳуқуқӣ ба миён меояд.
Баробари ин дар даврони кунунии рушд таҷдиди назар кардани муносибат ба дастгирии рушди тиҷорат, ташкил намудани низоми нави ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ тақозо мегардад. Аъзои Парлумони ҷавонони назди Сенати Олий Маҷлис  бо ҷавонон дар маҳалҳо ба мақсади омӯхтани таклиф ва ғояҳои ҷавонон дар самти мазкур, ҳамчунин кӯмакрасонӣ ба онҳо дар ҳаллу фасли мушкилоте, ки алҳол дар ҷойи кории худ дар соҳаи соҳибкорӣ бо он рӯ ба рӯ мешаванд, вохӯриҳо баргузор мекунад.
Дар ҷараёни ин гуна мулоқот мо ба ҷавонон механизмҳои амалии ҳамоҳангсозии фаъолияти устувор ва рушди минбаъдаи инфрасохтори бозорро маънидод мекунем, ки ба ҳаллу фасли таъҷилии мушкилот бидуни ташвиш ва коғазбозӣ, ҳангоми фаъолона ҷалб сохтани аҳолӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва кушодани тиҷорати хусусӣ  ба миён меоянд, кӯмак мерасонанд.

Шоҳрух ШАРОПОВ,
узви Парлумони ҷавонони назди Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: