АВВАЛИН «АКВАМИР» ДАР ЧУСТ

Ҳар кас шуғли дӯстдоштаи худро дорад.

Чунончи, бинокор вақт ёфта, рӯзномахонӣ ё шоҳмотбозӣ мекунад. Дигарон низ бе «хоббӣ» нестанд. Ҷавлон Комилов аз соҳибистеъдодон ба ҳисоб мерафт, ки аз овони мактабхонӣ моҳӣ ва моҳичаҳои аквариумро дӯст медошт.


Ҷавлон баъди хатми коллеҷи «Мустақиллик»-и шаҳри Чуст бо ихтисоси ҳисобчӣ ба Русия рафта, 13 сол меҳнат кард ва боз ба диёри худ — шаҳри Чуст баргашт. Дар дӯкони воситаю ашёи телефони дастӣ ва ҷиҳозҳои аквариуми маркази шаҳр фурӯшанда шуда кор кард. Пас ба шуғли дӯстдоштаи даври бачагиаш бозгашта, дар боғи маданияту истироҳати шаҳри Чуст, дар назди мақбараи пири шарифи хирад Мавлоно Лутфуллоҳ, ки боғ ба номи ӯст, «Аквамир»— «Олами об»-ро кушод. Ин аҷоибхона аз 100 хел зиёд моҳӣ, моҳича, парранда ва ҷонварон дорад. Дар байни онҳо моҳичаҳои қиматбаҳои «Дискос», «Доллар», «Араван»-и  шиновари доимии қисми болоии об, «Скат»(суфрамоҳии ҳамеша дар пастии об шинокунанда), тӯтиҳои гароннархи «Карелла», «Амадинка»-и хурдак, «Нераздумка» ва монанди инҳо, санҷоб, мору сангпуштҳо мавҷуданд. Тамошои онҳо ба ҳар бинанда, хусусан, ҳар бачаю кӯдак шавқу завқи беандоза мебахшад. Маърифати онҳоро афзун дода, ҷаҳони биниашонро васеъ мегардонад. 
Ташкилкунандаю роҳбари «Аквамир» Ҷавлон Комилов нақл кард, ки ба ҳунари хушкардааш рағбату майлаш зиёд аст, аммо он заҳмат  низ дорад. Ба ҷонварони зердаст дар вақташ хӯроку об дода,  ҷиҳозҳоро поку ҳар ҳафта оби аквариумҳоро иваз мекардааст.
— Мо нав кор сар карда, дар иҷораем. Шартнома бо маъмурияти боғ имзо шавад, дар  ин ҷо худамон ҷойи алоҳида сохта, дар он «Аквамир»-ро, ки дар шаҳрамон ягона аст, боз васею сермухлис карданӣ ҳастем.
    Дар Боғи маданият ва истироҳати шаҳри Чуст имконияти дамгирию фароғатбарӣ сол то сол беҳтар мегардад. Масъулон ба мавсими нав омодагӣ дида истодаанд. Бо вуҷуди ин «Аквамир»-и он оммаро ба худ ҷалб менамояд.

Ш. МИРЗОЕВ,
шаҳри Чусти 
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: