СОҲИБИ САВТИ ДОВУДӢ

Борбади Марвазӣ дар таърих ҳамчун мутриби чирадасту муғаннии хушсадо зикр ёфта, дар олам ҳамчун устоди санъати Шарқи куҳан шуҳрату маъруфият пайдо кардааст.

Саро, эй нағмасози дил, 
ки дил дил буданаш донад, 
Нафас дар гармии овози ту осуданаш
 донад.
Биё дар парда нохун зан, 
ки мо дар пардаи хобем, 
Саҳар бо чашми нилуфар нигаҳ 
бикшуданаш донад...
Зиҳӣ, эй лаҳни лоҳутӣ, зиҳӣ, 
эй савти довудӣ, 
Зи гӯши халқ мебӯсам агар бишнуфтанаш 
донад.
(ФАРЗОНА).
Борбади Марвазӣ дар таърих ҳамчун мутриби чирадасту муғаннии хушсадо зикр ёфта, дар олам ҳамчун устоди санъати Шарқи куҳан шуҳрату маъруфият пайдо кардааст. Ҳар як давру замон Борбади худро дорад. Бе муболиға инро дар мисоли Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, муғаннии сулҳу дӯстӣ ва ишқу муҳаббату садоқат – Ҷӯрабек Набиев метавон дид. 
Устод Ҷӯрабек Набиев моҳи феврали соли 1941 дар деҳаи Ғӯлакандози вилояти Суғд ба дунё омадааст. Шавқу рағбати ин шахсияти хоксор ба санъат аз овони кӯдакӣ ҷӯш мезад. Ҷӯрабеки ҷавон ниҳоят соли 1958 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дохил мешавад. Аз устодон сурудҳои классикии тоҷику ӯзбекро бо ҷидду ҷаҳд ва маҳорати ба худ хос аз худ менамояд. Бо ошноӣ аз эҷодиёти устоди «Шашмақом» Содирхон Ҳофиз завқаш зиёд гардида, аз шунидани сурудаҳои бузургони санъат Юнус Раҷабӣ, Маъмурҷон Узоқов, Комилҷон Отаниёзов, Фахриддин Умаров ба худ илҳоми беандоза мегирад. Эҷодиёти ин бузургонро ӯ барои худаш мактаби омӯзиш қарор медиҳад. 
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
Бо гузашти начандон вақти тӯлонӣ дар дили ҳазорон мухлисонаш маъво гирифта, устоди соҳибмактаби замони худ мегардад. Ҷӯрабек Набиев сарояндаи зуллисонайн мебошад ва бо ду забон: тоҷикӣ ва ӯзбекӣ суруд эҷод менамояд. Сурудҳои «Туӣ, модар», «Наравад ёди ту ҳеч аз ёдам», «Рӯйи дӯстон дидам», «Бӯйи вафо наояд», «Ҳар кӣ андар ҳарами ишқи ту маҳрам нашавад», «Тановор», «Чашми ошиқ» «Кечаларда», «Онаизор», «Хабар келтирмади», «Фируз», «Гулузорим», «Эй сабо», «Нигорим» ва ғайра аз офаридаҳои ин шахсияти камназир мебошанд, ки дар ёди мухлисонаш абадӣ нақш бастаанд.
Устод Ҷӯрабек Набиев дар роҳи санъат сабку услуби ба худ хос дошта, дар сароидани сурудҳои жанри классикии суннатиамон – «Шашмақом» устоди камназир аст. Матни аксари сурудҳои устод аз шеърҳои ҷовидонаи шоирони классики тоҷику ӯзбек Камоли Хуҷандӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ҳофизу Бедил, Машраб, Навоӣ, Чустӣ ва дигарон офарида шудаанд, ки  мазмуни воло, ҷаззобияту неруи тасхиркунанда доранд. То ба имрӯз садҳо шогирдону пайравони боистеъдодро ба камол расонидааст, ки ҳоло дар рушди санъати сарояндагӣ фаъолона эҷод карда истодаанд. Ҷӯрабек Набиев таъсисдиҳандаи ансамбли шашмақомхонони «Нури ниёгон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.
Санъат сарҳад надорад. Ҷӯрабек Набиев дар собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он: Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон ва дар давлатҳои Шарқу Ғарб маъруфияти зиёд дорад. Алалхусус, дар Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон бо сурудҳои гушнавози ин нобиғаи ҳунар ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри гузашта ошноӣ пайдо карда буданд. Аксарияти сурудҳои Ҷӯрабек Набиев дар Ӯзбекистон ба рӯйи навор омадаанд, ки имрӯз дар бойгонии телевизиону радио ҳамчун мероси гаронбаҳои санъати сарояндагӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешаванд. Ҷӯрабек Набиев соли 1990 соҳиби «Олтин диск» гардидааст. Ин аз меҳру муҳаббат, самимияти халқи Ӯзбекистон нисбати эҷодиёти як ҳунарманди нобиғаи Тоҷикистон ва санъати ғании халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, метавон Ҷӯрабек Набиевро «Пули дӯстӣ»-и халқҳои бародари тоҷику ӯзбек номид.

Ҳусейн ҚОСИМӢ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: