ОЗМУНИ БОНУВОН

Маълум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ дар Ӯзбекистон таҳти унвони «Бонуи доно – оинаи ҷамъият» ҷашнвораи бонувон – «Бонуи асри XXI» баргузор мегардад.

Дар доираи он дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, марказҳои ахбору китобхона, даргоҳҳои таълими олии вилояти Бухоро оид ба мавзӯъҳои «Мавқеи занон ва духтарон дар рушди илму фан ва инноватсия», «Боло бардоштани салоҳияти зеҳнии занон ва духтарон – талаби замон», «Бонувони доно – оинаи ҷамъият», «Бонувон, илму фан ва таълим дар асри XXI: муваффақият ва муаммоҳо» анҷуманҳои  илмию амалӣ, машваратҳои таълимӣ, суҳбатҳои мизи мудаввар, вохӯрию мулоқот, викторина, озмуни иншо ва ғайра ба амал омаданд. 
Ба қарибӣ бо ташаббуси Садорати оила ва занону духтарони вилоят дар Донишгоҳи давлатии Бухоро маросими тантанавии ҷамъбасти марҳилаи вилоятии ин озмун ба амал омад. Дар он занону духтароне, ки дар доираи ҷашнвора дар тадбирҳои маданию маърифатӣ фаъол иштирок кардаанд, аъзои ҷунбиши «Бонувони оқил», олиму муҳаққиқони илмӣ, занону духтарони ихтироъкору ташаббускор даъват шуданд.
Ҷонишини ҳоким – роҳбари садорати оила ва занону духтарони вилоят Фирӯза Иброҳимова дар бораи мақоми занону духтарон дар ислоҳоти хоҷагии халқи мамлакат, фаъолияти кунунии бонувони соҳибилму олим, ғамхории давлат нисбати дастгирии онҳо ҳарф зад. Баъд 13 нафар ғолибони озмуни «100 нафар бонувони ихтироъкори ҳудуд» ҳавасманд гардонда шуданд. Мувофиқи қарори доварон намояндагони Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро ба марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар озмуне, ки таҳти шиори «Бонуи доно – оинаи ҷамъият» ба амал омад, бинобар номгӯйи «Беҳтарин муаллифи асари санъат» дотсенти кафедраи мусиқа ва санъати тасвирии Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро Дилфуза Маъмурова ғолиб дониста шуд ва соҳиби роҳхати марҳилаи ҷумҳуриявӣ гардид. Толибаи гурӯҳи 22-юми равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ Шаҳризода Равшанова низ дар номгӯйи «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионии донишҷӯ» болодаст гардида, ба марҳилаи ниҳоии озмун барандаи роҳхат шуд. Донишҷӯйи гурӯҳи 238-уми факултети педиатрияи Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Сино Зулфизар Муталимова барандаи номгӯи «Беҳтарин донишҷӯи ихтироъкор» шуда,  роҳхати марҳилаи ҷумҳуриявии озмунро ба даст овард.
Намояндагони Донишкадаи технологияи муҳандисии Бухоро Ситора Маҳмудова, Фирӯза Турсунова, Мафтуна Сайидова  дар номгӯйҳои гуногун комёб гардиданд.
Тамоми иштирокдорон ва ғолибони озмун бо диплом,  ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравии созмондиҳандагони ҷашнвора мукофотонида шуданд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: