СОХТОРИ КОРИ «МАҲАЛЛАБАЙЪ» БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕКУҲОЛИИ АҲОЛӢ ВА РОЗӢ КАРДАНИ ОДАМОН ХИДМАТ МЕКУНАД

Алҳол инкишоф додани иқтисодиёт, бо кор таъмин кардани одамон, кам кардани нодорӣ ба самти асосии сиёсати давлат табдил ёфтааст.

Дар ин бобат барои мунтазам омӯхтани мушкилоти ҳаёти аҳолӣ ва сари вақт ҳал кардани онҳо низоми кори «маҳаллабайъ» ҷорӣ гардидааст, ки алҳол натиҷаи худро медиҳад ва мо инро эҳсос мекунем.
Зеро маҳалла идораест, ки танҳо ба кишвари мо хос мебошад, агар гӯем, ки ин сохтори нодири иҷтимоӣ солҳои охир ба сохтори барои аҳолӣ наздик ва халқпарвар табдил ёфтааст, айни ҳақи-қат мебошад. Ин механизми самарабахш ва анъанавӣ имкон медиҳад бо аҳолӣ бевосита кор бурда шавад. Зеро агар мушкилоти мавҷуда дар маҳал зуд ва самарабахш ҳаллу фасл шаванд, ҳаёти одамон беҳ мегардад, эътимоди онҳо ба фардо меафзояд.
Аз тариқи низоми кори маҳаллабайъ, ки усули нави мулоқот бо халқ гардидааст, пеш аз ҳама аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва занону духтарон бо фаъолияти тадбиркорӣ машғул мешаванд, самтҳои саъю кӯшиши онҳо муайян мегардад, барои бо дониш ва навгониҳои замонавӣ ошно кардани соҳибкорони нав сабақҳо баргузор карда мешаванд.
Баробари ин давлат ба онҳо баҳри «ба по хестан» кумаки амалӣ мерасонад. Аз ҷумла, ба бекороне, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд ва фаъолияти худро оғоз намоянд, ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, барои хариди асбобу ускуна ва анҷоми меҳнатӣ то 7 миллион сӯм, ба занону духтарон бошад, дар ҳаҷми то 10 миллион сӯм субсидияҳо ҷудо карда мешаванд.
Ҳамчунин ба шаҳрвандони бекоре, ки фаъолияти тадбиркориро оғоз намудаанд, баъд аз он ки ҳамчун субъекти соҳибкорӣ ба рӯйхати давлат дохил карда мешаванд, барои пардохти иҷораи бино ва иншоот тӯли се моҳ ба миқдори 10 баробари ҳисоби пойгоҳӣ субсидияҳо дода мешаванд.
Дар давраи кӯтоҳи сипаришуда дар ин бобат корҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд. Агар ба рақамҳо эътибор диҳем, ин вусъатро хуб дарк хоҳем кард. Барои иҷрои вазифаҳое, ки дар боло зикр шуданд, ба 48 ҳазору 503 шаҳрванд ҷамъан 196,7 миллиард сӯм субсидия ҷудо карда шуд. Аз ин 163,7 миллиард сӯм ба 39 749 занону духтарон, аз ҷумла ба 23199 нафар бонувоне, ки ба «Дафтари занон» ворид карда шудаанд, 110,7 миллиард сӯм субсидия дода шудааст.
Шоистаи зикр мебошад, ки дар пояи сохтори кори маҳаллабай омӯхтани ҳолати иқтисодии «хонадонбайъ», аз ҷумла омӯзиши дараҷаи шуғли аҳолӣ, манбаи даромади оилаҳо, ҳолати истифода аз заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин саъю кӯшиш ва эҳтиёҷи аҳолӣ ба меҳнати сердаромад  мунтазам таҳлил карда мешаванд. Барои аз саргарониҳои зиёдатӣ пешгирӣ кардани аҳолӣ сохтори аз худи маҳалла ба тамоми идораҳои давлатӣ муроҷиат намудан фароҳам оварда мешавад, бобати бевосита дар маҳалла нишон додани хидматҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ низ эътибори махсус зоҳир мегардад. Яке аз мақсадҳои асосии роҳбари давлат дар худи маҳалла ҳаллу фасл кардани корҳои мазкур мебошад. Бинобар ҳамин ҳам дар ҳар як маҳалла барои инкишоф додани соҳибкорӣ, таъмин сохтани шуғли аҳолӣ ва кам кардани нодорӣ намояндаи ҳокимияти ноҳия (шаҳр), яъне вазифаи ёвари ҳоким таъсис дода шуд. Зеро вазъияти ҳудудҳоро ҳеч кас беҳтар аз аҳли маҳалла ва фаъолони он  намедонад. Дар байни шаҳрвандон ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо робитаи узвӣ ба роҳ монда шудааст. Бинобар ҳамин ҳам барои ҳаллу фасл кардани масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла таъмин кардани ҷавонон ва занону духтарон бо шуғл, кумаки мақсаднок расондан ба оилаҳои эҳтиёҷманд, пеш аз ҳама, маҳаллаҳо машғул мешаванд.
Солҳои охир дар натиҷаи ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, бисёр масъалаҳо бидуни коғазбозӣ ва давутозҳои зиёдатӣ дар худи маҳаллаҳо ҳаллу фасл шуда истодаанд. Дар натиҷаи ин саъю кӯшишҳо ба одамон эҳсоси орзую ҳавас меафзояд, шодиву хурсандӣ зиёд мегардад. Ҳоли ҳозир дар тамоми соҳаҳои кишвари мо ва дигаргуниҳое, ки содир мегарданд, аҳамияти маҳаллабайъ рӯз аз рӯз меафзояд.
Хулоса, тарзи кори маҳаллабайъ худро бобати сари вақт ва пурра ҳаллу фасл кардани муроҷиатҳои аҳолӣ, бо шуғл таъмин сохтани занону духтарон, беҳтар намудани шароити зиндагии одамон, умуман, дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятамон ҳамчун роҳи самарабахш нишон медиҳад. Аз ҳама асосиаш сохтори мазкур барои баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ ва аз ҳаёт розӣ кардани одамон хидмат мекунад.

Фирдавс ШАРИПОВ,
муовини раиси Кумитаи институтҳои демократӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрвандони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: