Нақшаҳои ба тартиб андохтани инфрасохтори роҳ дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд

  • Нақшаҳои ба тартиб андохтани инфрасохтори роҳ дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои ба тартиб андохтани инфрасохтори роҳ дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд
  • Нақшаҳои ба тартиб андохтани инфрасохтори роҳ дар шаҳри Тошканд баррасӣ гардиданд

Дар ҷараёни боздид аз маркази номнависӣ ва ташхиси воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба Президент Шавкат Мирзиёев лоиҳаи ба тартиб андохтани чорроҳа ва кучаҳои серҳаракати Тошканд ва инчунин бартарафсозии тирбандӣ шинос карда шуд.

Лоиҳа дар назди худ се вазифаи асосиро гузоштааст – таъмини бехатарӣ ва қулаии  пиёдагардҳо, афзалияти  нақлиёти ҷамъиятӣ, афзудани иқтидори убур ва кам кардани теъдоди ҳодисаҳои роҳу нақлиёт.

Лоиҳаи мазкур дар режими озмоишӣ дар ду чорроҳаи калони Тошканд – дар бурриши кучаҳои Бобур ва Фурқат ва инчунин дар чорроҳаи кучаи Боғишамол ва роҳи автомобилии ҳалқабанди Тошканд ба амал татбиқ гардида буд.

Дар чорроҳаҳо барои пиёдагардҳо «ҷазирачаҳои бехатарӣ» ба вуҷуд оварда шуда, воситаҳои идора намудани чароғакҳо дар гузаргоҳҳои пиёдагардҳо гузошта шудааст. Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз нав барои қулай гардидани фуромадан ва дохил шудани мусофирон дубора ба лоиҳа гирифта шуданд.

Инчунин дар чорроҳаҳо системаи чароғакҳои интеллектуалӣ ташкил карда шуда, идома ёфтани сигналҳои онҳо ба суръати мавҷи нақлиёт мутобиқ гардонда мешавад.

Дар натиҷаи чунин лоиҳаҳо иқтидори убури чорроҳаҳо бамаротиб афзуда, тирбандӣ кам мегардад, нақлиёти ҷамъиятӣ бештар самарабахш мегардад.

Президент дар заминаи вусъат додани чунин корҳо ва комилан татбиқ намудани принсипи «шаҳр – барои пиёдагардон» супоришот дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: