ОҚИБАТҲОИ НОХУШИ ИЗДИВОҶИ БАРВАҚТ

Дар баъзе минтақаҳои кишварамон издивоҷи барвақти духтарон ба ҳукми анъана даромадааст.

 Ҳарчанд қонунгузориҳои мамлакат издивоҷи зану мардро пас аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар кардааст, аммо духтарон дар синни шонздаҳ-ҳабдаҳ низ ба шавҳар мебароянд. Оё ин наметавонад боиси парокандашавии оилаҳои ҷавон шавад? 
Дар Ӯзбекистон чанде муқаддам синни издивоҷи духтарон аз 17 ба 18   афзоиш ёфт ва ин хабар мардуми зиёд, хусусан аҳли маърифату зиёро хушҳол намуд. Дар солҳои истиқлол, баъди ташкили коллеҷу литсейҳо духтарон ҳанӯз дар синни 17 талабаи литсей ё коллеҷ мебошанд. Бо айби падару модарон бархе аз ин духтарон баъди издивоҷи бармаҳал аз идомаи таҳсил даст кашида, хонашин мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 1-уми Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, ҳар шахси то 18-сола ҳанӯз кӯдак ҳисобида мешавад. Ӯзбекистон ба ин конвенсия соли 1992 ҳамроҳ шудааст. Бар асоси қонунгузориҳои миллӣ меъёре мавҷуд аст, ки духтарони ба синни ҳаждаҳ нарасидаро иҷозаи издивоҷ медиҳад. Албатта, ин меъёр ба меъёрҳо ва принсипҳои қобили эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ дуруст намеояд, барои ҳамин нисбати он дар қонунгузориҳои мо таҷдиди назар ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ҳар сурат қабули чунин қонун, ки пешгирии издивоҷи бармаҳал ва таваллуди барвақти занонро дар меҳвар қарор додааст, иқдоми басо олиҷаноб мебошад.
Ногуфта намонад, ки дар Русия, Арманистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Украина, Молдова, Фаронса, Олмон ва Филиппин синни издивоҷ барои мардон ва занон 18 муқаррар шудааст. Мувофиқи қарори Президент аз 22 апрели соли 2019 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии боз ҳам тақвияти кафолатҳои ҳуқуқи кӯдакон» аз 1 сентябри соли 2019 синни издивоҷ барои мардон ва занон 18 муқаррар гардидааст. 
Дар маълумотҳои оморие, ки ба даст омадааст, шумораи духтароне, ки никоҳашон дар синни 17 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ қайд шудааст, дар соли 2016  ҳудуди 4 ҳазору 230 нафар, дар соли 2017 4 ҳазору 853 нафар ва дар соли 2018 5 ҳазору 123 нафарро ташкил додааст.
Беҳуда нест, ки ин масъала Президентро низ бетараф намегузорад. Вай дар яке аз ҷаласаҳои васеъ нақши оила дар ҷомеа ва баланд бардоштани маънавиёти онро яке аз масъалаҳои мубрами рӯз арзёбӣ намудааст. Шавкат Мирзиёев афзоиши бештари масъулияти волидонро дар тақдири ояндаи фарзандон хеле муҳим хондааст. Тавре ки вай зикр кардааст, «Дар ҳаёт ҳанӯз муаммои ҷиддие мавҷуд, ки маҳз ба ҳамин масъала вобастааст. Ин ҷо як саволи дарднок ба миён меояд: чаро ҳодисаҳои ба шавҳар додани духтарони ҷавоне, ки ҳанӯз ба ҳаёти мустақилона омода нестанд, кам нашудааст? Мутаассифона, баъзе модарон мекӯшанд, ки духтарашонро ҳарчи зудтар ба шавҳар диҳанд». Ин ҳарфҳои сарвари давлатамон дар байни аксарият вокунишҳои мусбат ба бор овард. Дар ҷомеа ҳамеша як қатор афрод, хосатан занҳои таҳсилнокардаву дур аз маърифат ба чунин иқдом даст мезананд.
– Дарҳақиқат, ин гуна занҳоро дар ҷомеаи мо пайдо кардан мумкин аст, ки ҳатто орзую армони духтарашонро намепурсанд, фикри онҳоро нодида мегиранд. Барои ҳамин як идда оилаҳои ҷавон зуд пароканда шудаанд, теъдоди ин оилаҳо сол аз сол рӯ ба афзоиш овардааст, ки боиси нигарониҳо мебошад, – мегӯяд профессор Саодат Боймирзоева.
Ба таъкиди ӯ, агар ҳар гуна издивоҷ дар натиҷаи муҳаббати тарафайн сурат гирад, он ҳаргиз завол нахоҳад ёфт. Калонсолон бояд ба ин ҷиҳати масъала ҳамеша диққату эътибори худро равона созанд. Дар ин замина фаъолони ҷамоаҳои шаҳрвандӣ бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар дар байни ҷавонон пиёда кунанд. 
– Як нуктаи дигар набояд фаромӯш шавад. Духтаре, ки дар синни 16-17 ба шавҳар мебарояд, ҳанӯз аз уҳдаи иҷрои корҳои зиёди хона намебарояд. Аммо хушдоман, мисле ки арӯс неву канизе фаровардааст, тамоми кори хонаро ба дӯши ин духтарча мегузоранд. Вай бояд пеш аз дигарон аз хоб хезад, рӯфту-рӯб кунад, либос шӯяд, хӯрок пазад, дастурхон орояд ва баъди анҷоми боз чанд кори дигар шишта ношто кунад. Магар ин аз рӯи адолат аст? Ҳаргиз не! Ҳоло ман аз боби он ҳарфе намезанам, ки баъди чанд муддат вай ҳомила мешаваду фарзанд таваллуд мекунад. Бо вуҷуди ин, хушдоман андак ба вай сабукӣ намедиҳад ва «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» гуфтагӣ барин дар фикри дасти кумак дароз кардан намешавад, – изҳор медорад собиқадори соҳаи маориф аз ноҳияи Сӯх Назираой Маҳматова.
Вай тазаккур медиҳад, ки баъди чунин бархӯрди носолим духтар кушиш мекунад, ки зудтар аз ин ҷаҳаннам халос шавад ва пайт поида, хонаи падару модараш мегурезад. Дар натиҷа як оилаи ҷавон барҳам мехӯрад.
Шаҳри куҳани Марғелон низ дар мавриди зуд ба шавҳар додани духтарон аз минтақаҳои дигар ақиб намемонад. Барои ҳамин як гурӯҳ фаъолзанони марғелонӣ даст ба кор задаанд, ки аз издивоҷи бармаҳали духтарон ҷилавгирӣ кунанд. Ҳатто пешниҳод кардаанд, ки волидон духтарони худро баъди 19-20 солагӣ ба шавҳар диҳанд. 
Дар ҷаласаи Кумитаи занону духтарон ва баробарии гендери  Олий  Маҷлис масъалаи бармаҳал ба шавҳар додани духтарон дар кишвар баррасӣ шуд. Дар он Вазорати маҳалла ва дастгирии оила оид ба вазъи корҳои марбути издивоҷи бармаҳали духтарон ва пешгирии ақди никоҳ байни хешовандон маълумот ироа кардааст.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: