АҲАМИЯТИ САМАРАБАХШ БА КОР АНДОХТАНИ ИҚТИДОРИ ҲАМКОРӢ БО САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ТАЪКИД ГАРДИД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 ноябр ҳайати шаҳри Санкт-Петербургро таҳти сарварии губернатор Александр Беглов қабул кард.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории амалӣ дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ба бунёди инфрасохтори муосири логистикӣ ва савдою тиҷоратӣ ҷиҳати афзоиши муомилоти тарафайни мол, дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатии корхонаҳои пешқадам, амиқсозии ҳамкориҳо дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Идомаи мубодилаи фаъоли фарҳангию гуманитарӣ дастгирӣ ёфт.
Дар бораи омода ва қабули «харитаи роҳ»-и ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилоятҳои Ӯзбекистон ва шаҳри Санкт-Петербург тавофуқ ҳосил шуд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: