НИЗОМ дар бораи ордени «Олий Даражали Дӯстлик»
НИЗОМ
дар бораи ордени «Олий Даражали Дӯстлик»
1. Бо Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» ҳамчун рамзи эҳтироми бепоён ва эъзозу икроми халқи Ӯзбекистон онҳое, ки дар рушди устувори муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон иродаи баланди сиёсӣ нишон додаанд, барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба фаъолона ташаббусҳо пешниҳод намудаанд ва рӯҳи нав, маънои амиқ ва амалӣ бахшидаанд, инчунин барои хидматҳои махсуси баландашон дар назди Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ;
намояндагони парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ;
роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва дигар ташкилотҳои ба онҳо ҳамрадиф;
арбобони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки худро шахсони намоёни соҳаҳои илм, таълим ва тарбия, тандурустӣ, маънавият, фарҳанг ва варзиш нишон додаанд, инчунин месенатҳо, ки бо корҳои хайр дар рӯҳияи инсондӯстӣ машҳур гаштаанд, намояндагони маъруфи доираҳои соҳибкорӣ мукофотонида мешаванд.
2. Бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» барои:
саҳми шахсиашон дар рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи муфиди шарикӣ, пурзӯр гардондани эҳтиром ва эътимоди байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо;
саҳми махсусашон дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ бо мардумони кишварҳои хориҷӣ;
иштироки фаъолонаашон дар ҳифз, омӯхтан ва тарғиби васеи арзишҳои маънавии умумибашарӣ ва миллӣ, мероси таърихӣ, минбаъд бой гардонидани фарҳанг ва санъати халқҳои гуногун;
натиҷаҳои назаррасашон дар тавсеаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ ва инвеститсионӣ, инчунин дар соҳаҳои гуногун таҳия ва татбиқ намудани ғоя ва технологияҳои инноватсионӣ;
дастовардҳои бузургашон оид ба таъмини пешрафт дар соҳаҳои илм ва маърифат, фарҳанг, санъат ва адабиёт, маориф, тандурустӣ ва варзиш, инчунин дар соҳаи рушди сармояи инсонӣ;
фаъолияти фидокорона ва чандинсолаашон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон, дастгирии занон ва кӯдакон, таҳкими сохтори оила;
хизматҳои барҷастаашон дар ташкили ҷомеаи пурзӯри шаҳрвандӣ ва одилона, баланд бардоштани нақш ва аҳамияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар навсозии демократии кишвар, таъсис ва таҳкими муколамаи мунтазам ва самарабахши ҷомеа ва давлат;
фаъолияти бисёрсолаи пурмаҳсулашон, ки ба ҳалли амалии мушкилоти экологӣ, таъмини муҳити мусоид дар ҷаҳон ва кишвар, ҳифзи генофонди инсон, гуногунии биологӣ ва боигариҳои табиӣ, ҳифзи амнияти экологӣ аз наслҳои ҳозира ва оянда нигаронида шудаанд;
фаъолияти барҷастаи байналмилалии иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва хайрия мукофотонида мешаванд.
3. Бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» метавонад шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мукофотонида шаванд. Ғайр аз он, ордени «Олий Даражали Дӯстлик» мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд мебошад.
4. Сарфароз гардонидан бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат мегирад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи сарфароз гардонидан бо орден дар воситаҳои ахбори оммавӣ нашр карда мешавад.
5. Супурдани ордени «Олий Даражали Дӯстлик» ва ҳуҷҷати дахлдор дар бораи мукофотонӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ё ки бинобар супориши вай аз номи дигар роҳбарони масъул дар фазои идона баргузор мешавад.
6. Бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббуси палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
7. Шахсоне, ки бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» сарфароз шудаанд, дар ҳаҷми дусад баробари андозаи ҳисоби базавӣ мукофоти якдафъаинаи пулӣ ё ки тӯҳфаҳои хотиравӣ мегиранд, инчунин аз имтиёзҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, истифода мебаранд.
8. Ордени «Олий Даражали Дӯстлик» дар тарафи рости сина тибқи риоя намудан ба пайдарпайии мувофиқ ё ки занҷири орденӣ овехта мешавад.