ФЕСТИВАЛИ БАХШИЁНА

Маълум, ки дар вилояти Сурхондарё санъати бахшигӣ хеле ривоҷ ёфтааст.

Соли 2019 дар шаҳри Тирмиз аввалин Фестивали байналхалқии бахшӣ ва соли 2021 дар шаҳри Нуқус дувумин Фестивали байналхалқии бахшӣ бо шукӯҳ гузаронида шуда буд. 27-29 октябр бошад, чунин ҷашнвора дар Қасри санъати Тирмизшаҳр бо иштироки бахшиёни мамлакат бо тантана гузаронида шуд.
Дар фестивал санъаткорони соҳа ҳунари беҳамтои худро намоиш доданд. Аз ҳисоби ҷамоа бахшиёни Қароқалпоқистон ҷойи олиро сазовор шуданд. Ҷойи якум ба ҷамоаи вилояти Сурхондарё, ҷойи дувум Хоразм ва ҷойи сеюм ба ҷамоаи Қашқадарё муносиб дониста шуд. Дар мусобиқаи бахшиёни яккахон ҷойҳои якум ба Азамат Элмуродов (Қароқалпоқистон), Зиёдулло Аҳмадов (Қашқадарё) ва Равшан Маматмуродов (Сурхондарё), ҷойи дувум ба Расулбек Абдураҳмонов (шаҳри Тошканд), Зулхумор Шерназарова (Сурхондарё), Сафаргул Баширова (Қароқалпоқистон) ва ҷойи сеюм ба Ҳимоят Сариев (Хоразм), Муҳаммадӣ Даминов (Қашқадарё), Улдавлат Сарсенбаева (Қароқалпоқистон) ва Ҳамза Холбоев (Сурхондарё) сазовор гардиданд. Ғолибони ҷашнвора бо диплом ва мукофотҳои пулӣ рағбатнок гардиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: