ДАР ҚАРШӢ КОМПЮТЕР ИСТЕҲСОЛ ХОҲАД КАРД

Дар вилояти Қашқадарё коргоҳи замонавие бунёд хоҳад гашт, ки ба истеҳсоли компютер ва таҷҳизоти он машғул мегардад.

Коргоҳи мазкур бо сармояи ширкати бузурги «Shenzhen T.D.S Elektronik teknoloji»-и Чин ва ширкати байналмилалии «Intel» дар мавзеи озоди иқтисодии шаҳри Қаршӣ сохта мешавад. Сармоягузорон тасмим гирифтаанд, ки барои бунёди коргоҳи нав дар Қашқадарё даставвал ба миқдори 30 миллион доллари ИМА маблағ сарф намоянд. Интизор меравад, дар ивази ин маблағ то интиҳои соли 2024 коргоҳ сохта шуда, ба кор шуруъ хоҳад кард. Минбаъд вобаста ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ корхона васеъ карда мешавад. 
Дар ин коргоҳ  ноутбук, матерплата, моноблок, видеокарта ва дигар қисмҳои компютер истеҳсол мегарданд. Коргоҳи истеҳсоли компютерҳои Қаршӣ дар як сол ба маблағи 1 миллион доллари ИМА истеҳсоли компютеру таҷҳизоти зарурии онро дар нақша дорад. Инчунин 120 тан бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд ва ходимони маҳаллӣ дар Ӯзбекистон бо кумаки мутахассисони баландпояи Чин омода хоҳанд шуд.

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҚАШҚАДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: