ОВОЗИ МИЛЛАТИ БАРОДАР

Тоҷикон, бино ба саршумори аҳолӣ, дар мамлакатамон баъди ӯзбекон дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тоҷикон, бино ба саршумори аҳолӣ, дар мамлакатамон баъди ӯзбекон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Ин ду халқи бародар ба якдигар ба он андоза наздиканд, ки агар сухан нагӯянд, фарқ кардани онҳо душвор аст. Ин аст, ки моро «як халқи дузабона» мегӯянд.
Ҳам тоҷикони Ӯзбекистон, ҳам ӯзбекони Тоҷикистон дар мамлакати худ диаспора нестанд. Нисбати қавмҳое, ки ба сабабҳои иҷтимоию сиёсӣ аз кишвари худ ба кишвари дигар кӯч бастаанд, истилоҳи «диаспора» ба кор бурда мешавад. Мисли ин, ки Ватани аслии тоҷикони Ӯзбекистони кунунӣ Ӯзбекистон аст, Ватани аслии ӯзбекони Тоҷикистони кунунӣ низ Тоҷикистон мебошад. Мисли ин, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ асарҳои бадеӣ офарида мешаванд, дар ҳудуди Ӯзбекистон низ бо забони тоҷикӣ осори илмию бадеӣ ва ёдгориҳои беназир офарида шудаанд. Ба ҷуз ин, дар хазинаи дастхатҳоямон мероси бузурге, ки бо забони форсии тоҷикӣ офарида шудаанд, чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ мешаванд...
Рӯзномаи «Овози тоҷик» нашрияи ҷумҳуриявии иҷтимоию сиёсиест, ки барои тоҷику тоҷикзабонон ҳаёти мамлакатамонро, чун дар оина, инъикос менамояд. Он таърих ва анъанаҳоеро дорост, ки тӯли солҳо ташаккул ёфтаанд. Аз ҳама муҳимаш, муштариёни худро дорад.
Аз он ки ин нашрия матолиби зиёдеро доир ба мероси бузурги маънавӣ (бо шарҳу тафсирашон) ба дасти чоп месупорад, инҷонибро писанд аст.
Як ҳақиқатро бояд эътироф намоем, ки омӯхтани мероси миллии мо, дар ҳоли бехабар мондан аз манбаъҳои забони тоҷикӣ, имкон надорад. Дар мамлакатамон навиштаҷоти меъмориҳои таърихӣ, катибаи рӯйи сангҳо ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркиянд. Манбаъҳои форсии ба тасаввуф иртиботдошта низ, нисбат ба манбаъҳои бо забони арабӣ таълифгардида, хеле зиёданд. Таърихи адабиётамон низ бо санъати сухани форсии тоҷикӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Баъзе адибон зуллисонайнанд, яъне дузабона. Баъзе адибони пешинаи ӯзбек асарҳояшонро ба тариқи назира ба осори адибони форс-тоҷик навиштаанд ва ғайра.
Аҳамияти нашрияи «Овози тоҷик», ҳамчунин, дар он аст, ки он амалан собит менамояд, ки дар Ӯзбекистони мо барои рушди озодонаи забон, адабиёт, маданият ва урфу одатҳои миллатҳои ҷумҳурӣ асосҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд оварда шудааст.
Тӯли солҳои истиқлолият дар мамлакатамон барои рушду нумӯъи адабиёти форсии тоҷикӣ низ заминаи мусоид фароҳам омад. Китобҳои бисёр шоиру нависандагон рӯйи чопро диданд. Ба ҷуз ин, барои мактабиёни тоҷик дар нишриётҳои кишвар нашри китобҳои дарсӣ низ ба роҳ монда шудааст. «Овози тоҷик» барои адибоне, ки бо забони тоҷикӣ эҷод мекунанд, минбари баланд маҳсуб меёбад.
Рӯзномаи дӯстдоштаи мо ба тарғиби адабиёти муосири ӯзбек низ саҳм мегузорад. Фикр мекунам, ки муштариёни «Овози тоҷик» мисли ҳамеша минбари баланди худро дастгирӣ мекунанд, яъне ба он дастаҷамъона обуна мешаванд.

Султонмурод ОЛИМ,
номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия».      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: